Вокуниши вазири хориҷаи Эрон ба террори Солеҳ Аларури аз сӯи режими саҳюнистӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i110580-Вокуниши_вазири_хориҷаи_Эрон_ба_террори_Солеҳ_Аларури_аз_сӯи_режими_саҳюнистӣ
Вазири умури хориҷаи Эрон фаъолияти шаруронаи мошини террори режими саҳюнистӣ дар соири кишварҳоро таҳдиди воқеии сулҳу амният ва занги ҳушдоре барои амнияти минтақа донист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 03, 2024 18:37 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён террори ноибраиси Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластинро маҳкум кард
    Амирабдуллоҳиён террори ноибраиси Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластинро маҳкум кард

Вазири умури хориҷаи Эрон фаъолияти шаруронаи мошини террори режими саҳюнистӣ дар соири кишварҳоро таҳдиди воқеии сулҳу амният ва занги ҳушдоре барои амнияти минтақа донист.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаи иҷтимоии "Х" бо маҳкум кардани террори ноибраиси Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва ду нафар аз фармондеҳони гурдонҳои Алқассом аз тарафи режими саҳюнистӣ тасреҳ кард, инчунин амалиётҳои буздилонаи террористӣ собит мекунад, ки режими саҳюнистӣ пас аз ҳафтаҳо ҷинояти ҷангиву наслкушӣ ва вайронӣ дар Ғаззаву Каронаи бохтарии рӯди Урдун, бо вуҷуди ҳимояти мустақими Амрико ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ нарасидааст.

Иқдоми режими саҳюнистӣ дар террори ноибраиси Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ва фармондкҳони муқовимат дар Бейрут бо вокунишҳои густардае ҳамроҳ шудааст.