Бозтоби ҷинояти террористии Кирмон дар Амрико ва Созмони Милал+гузориш
Дабирикули Созмони Милали Муттаҳиди ҷинояти террористӣ дар гулзори шуҳадои Кирмонро ба шиддат маҳкум кард ин иқдоми террористӣ дар расонаҳои амрикоӣ бозтоби густардатӣ дошт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дабирикули Созмони Милали Муттаҳиди ҷинояти террористӣ дар гулзори шуҳадои Кирмонро ба шиддат маҳкум кард.
Ин иқдоми террористӣ дар расонаҳои амрикоӣ бозтоби густардаӣ дошт.
Антонио Гутерриш дабирикули Созмони Милал бо судури баёнияӣ расмӣ зимни таслияти ин иқдоми террористӣ ба миллат ва давлати Эрон ба вижаи хониводаҳои доғдор хостори посухгукардани масъулони ин иқдом фаҷеъ шуд.
Намояндаи доими Ҷумҳурии Исомии Эрон дар Созмони Милал ҳам дар номаи расмӣ ба дабирикули Созмони Милал ва раиси давраи шурои амният таъкид кард ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамаи созукорҳои мавҷуд барои итминон аз посухгукардани масъулон ва ҳамдастони ин иқдоми ваҳшиёнаи террористӣ истифода хоҳад кард.
Матто Миллер сухангуи Вазорати умурхориҷаи Амрико ҳам дар нишасти хабариаш бо таъкид бар инки давлати Амрико ҳеҷ нақши дар ин ҳамлаи террористӣ надошта аст талош кард нақши режими саҳюнистиро дар ин ҷиноят инкор кунад. Ин масаъла бо вокуниши хабарнигори Ассошиэйтед Пресс ру ба ру шуд.