Илҳоқи таҷҳизоти ҷадид ба Нерӯи дарёии сипоҳи посдорон
Дар 12-умин илҳоқи шиноварҳо ва таҷҳизоти дифоӣ ба Нерӯи дарёии сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, як нов ва сад шиновар ба қудрати дифоии сипоҳи посдорон афзӯда шуд.
Ба гузориши равобит умумии Нерӯи дарёии сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, рӯзи шанбе як нов ва сад шиновар ба Нерӯи дарёии сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ илҳоқ шуд.
Шиноварҳо шомили як нови гаштии размии шаҳид Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, чаҳор фарванд шиновари Зулфиқори мӯшакандоз модели 16 ва панҷ фарванд шиновари Ошӯрои падофандии Кавсар аст.
Ҳамчунин панҷ фарванд шиновари Ошӯрои Аждарафкан, 9 фарванд шиновари шиносоии размии Мирсод, як фарванд шиновари оташхори соҳилӣ, як фарванд шиновари Ториқи мӯшакандоз беҳина шуда ва ду фарванд шиновари Ошӯрои фармондеҳӣ аз дигар таҷҳизот аст.
Ракетандозҳо низ шомили ду фарванд мошини ракетандози тактикӣ, 20 фарванд мошини ракетандоз ва 12 фарванд хумпораандози тактикии рагбории маҳмул аст.
Сардор Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, дар маросими илҳоқи шиноварҳо ва таҷҳизоти дифоӣ ба нерӯи дарёии сипоҳи посдрон гуфт, илҳоқи ин таҷҳизот идомаи илҳоқҳои ёздаҳгонаи гузашта ва дар ростои идомаи тавлиди қудрат аст.
Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, низ дар ин маросим гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дарки аҳамияти дарё ба унвони саҳнаи калидӣ, таъйинкунанда ва сарнавиштсози набард ба ташкил ва тавсеа ва такмили як қудрати дарёии мутафовит аз қудратҳои мутаораф ва марсуми дарёӣ ҳиммат гумоштааст.
Вай ҳадаф аз афзоиши тавони дифои Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро шикасти душманон эълом ва тасреҳ кард, нақшаи ҷомеъи тавсеаи қудрати дарёӣ дар артиши Ҷумҳурии Исломии Эрону сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо ин фарз тадвин шудааст, ки бо бузургтарин қудратҳои дарёии олам даргир хоҳем буд.