Чин ба Амрико: Бо тарофаҳо наметавонед моро битарсонед
(last modified Sun, 04 May 2025 08:01:37 GMT )
Май 04, 2025 13:01 Asia/Dushanbe
  • Чин ба Амрико: Бо тарофаҳо наметавонед моро битарсонед

Порс Тудей - Сафари Чин дар Амрико гуфт: Вашингтон наметавонад, Пекинро бо тасмимоташ дар ростои тиҷорати дуҷониба битарсонад.

Ҷанги тиҷорӣ, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо вазъи тарофаҳои болои тиҷории ҷадиди худ алайҳи теъдоди зиёде аз кишварҳо ба роҳ андохта боиси мутаваққиф шудани ҳаҷми азими тиҷорат байни ду иқтисоди аввали ҷаҳон шудааст, ҷанге, ки тайи он тарофаҳои болои 100 дарсад ҳам аз сӯи чин ва ҳам Амрико эълому боиси маҳдӯд шудани тиҷорату сармоягузорӣ ва маҳдӯдиятҳои фарҳангӣ шудааст.

Ба гузориши Порс Тудей, Се Фэн, сафири Чин дар Амрико шомгоҳи шанбе изҳор кард: «Иёлоти муттаҳида наметавонад Чинро бо тасмимоташ дар мавриди тиҷорати дуҷониба битарсонад ва Вашингтон агар мехоҳад дар мавриди ин мавзӯот музокира кунад, бояд гуфтугуи баробар бо Пекин барқарор кунад.»

Вай афзуд: «Афзоиш ва таваррумӣ шудани нархи аворизи гумрукӣ ба нафъи ҳечкас нест. Ин вазъият, амалиёти тиҷориро бесубот мекунад, ба афзоиши ҳазинаҳо мунҷар мешавад, ба бозорҳои молӣ зарба мезанад ва рушди ҷаҳонии иқтисодро кунд мекунад.»

Сафири Чин дар Амрико хотирнишон кард: «Ҷанги тарофаҳо тавассути Чин оғоз нашудааст. Мо намехоҳем баҷангем, аммо аз иқдомоти Амрико ҳам нахоҳем тарсид. Мо на танҳо аз ҳуқуқу манофеи машрӯъи худ, балки аз назми тиҷорати байналмилалӣ низ муҳофизат мекунем. Агар Иёлоти муттаҳида мехоҳад музокира кунад, бояд бо рӯҳияи баробарӣ, эҳтиром ва мутақобил амал кунад.»