Коршиноси масоили Ғарби Осиё: Ҷаҳони араб дар хоб аст
Порс Тудей - Коршиноси масоили Ғарби Осиё бо ишора ба тарҳи ҷадиди Тел Авив дар заминаи кумакрасонӣ ба Ғазза ба шиддат аз инфеъоли ҷаҳони араб дар қиболи сокинони Ғазза интиқод кард ва гуфт: Ҷаҳони араб дар қиболи таҳаввулоти Ғазза дар хоб аст.
Фарос Ёғӣ зимни ночиз ва бемиқдор тавсиф кардани кумакҳои ғизоӣ ва байналмилалӣ ба Ғазза, гуфт: Исроил ба кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ба унвони аҳруми фишори сиёсӣ ва амниятӣ менигарад. Вай таъкид кард, Исроил ба дунболи истифода аз кумакҳои башардӯстона ба унвони бахше аз ҷанги фарогир дар Ғазза аст. Тел Авив хоҳони кантроли ҳар ончӣ ба Ғазза ворид мешавад аз ҳайси каммияту навъи он аст, то аз он ба унвони аҳруме алайҳи Ҳамос ва муқовимат истифода кунад. /ИРНА