Мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Авруосиё, мушаввиқе барои вуруд ба бозориҳои содиротӣ
Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт, инъиқоди мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Авруосиё фурсате барои афзоиши рақобатпазирии воҳидҳои тавлидӣ ва мушаввиққе барои вуруд ба бозориҳои содиротӣ аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Арманистон рӯзи душанбе(25 декабри 2023) дар Санкт Петербург мувофиқатномаи тиҷорати озод мавсум ба Авруосиё(EAEU) имзо карданд.
Маҳдии Зайғамӣ, Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон дар барномаи сеюми ҳамоиши фаслии шӯроҳои анҷуманҳои илмии Эрон, роҳбурдҳои тавсеаи саноатӣ гуфт, инъиқоди мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Авруосиё омиле дар ҷиҳати афзоиши рақобатпазирии воҳидҳои тавлидӣ ва саноатии дохилӣ ва мушаввиқе барои вурудба бозорҳои содиротӣ барои бунгоҳҳо аст.
Зайғамӣ афзуд, 80 дарсади содироти Эрон амалан ба 5 кишвари Чин, Ироқ, Туркия, Иморот ва Ҳинд аст ва амалан 80 дарсади содироти Эрон ба ин 5 кишвар ва дар 5 гурӯҳи колоӣ аст.