Январ 12, 2024 21:06 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси ширкати тавлидии донишибунёни муштараки Тоҷикистону Эрон
    Таъсиси ширкати тавлидии донишибунёни муштараки Тоҷикистону Эрон

Муовини илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раисҷумҳури исломии Эрон аз таъсиси ширкати донишбунёни муштарак бо Тоҷикистон хабар дод.

Деҳқонии Фирӯзободӣ дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон тавзеҳ дод: Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон боздиди густардае аз намоишгоҳи навовариву фанноварии Эрон дошт. Ӯ бо як идея омаду алоқаи зиёде ба мавзӯи ҳамкорӣ дошт. Ман ба онҳо таъкид кардам, ки мо ба дунболи тиҷорат бо якдигар нестем, ки маъмулан ин тавр аст, балки ба дунболи ҳамкорӣ ҳастем.

Вай идома дод: Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз мо даъват кардааст то як то ду моҳи оянда бо ҳамкории ширкатҳои донишбунёни кишоварзӣ, беҳдошт ва маъдан ҷаласае дар Тоҷикистон баргузор кунем ва ин нишаст то қабл аз поёни соли хуршедӣ баргузор мешавад ва ҳадаф ин аст, ки чандин ширкати тавлидии донишибунёни муштарак дар Тоҷикистон дошта бошем.

Деҳқонии Фирӯзободӣ дар бораи қарордоди 500 миллиондолларии ширкатҳои илму санъати нафт низ гуфт, ин қарордоди бисёр хубе барои 500 миллион доллар коло буд, ки тайи ду сол дар 12 гуруҳи колоии хос тавзеъ мешавад.

Ҳамкории бисёр хубе байни Вазорати нафт дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла бахши газ ва ахиран дар ҳавзаи таҷҳизот, баҳраварӣ, беҳинасозӣ, такмили занҷираи арзиш дар бахши газ ва қарордодҳои он оғоз шудааст ва умедворам анҷом диҳем. Пас қабл аз поёни ин давлат ба натиҷа бирасем.

 

Барчасп