Январ 17, 2024 13:41 Asia/Dushanbe
  • Козимии Қумӣ: Ҳамназарӣ байни Эрону Покистон дар бораи Афғонистон ба вуҷуд омадааст
    Козимии Қумӣ: Ҳамназарӣ байни Эрону Покистон дар бораи Афғонистон ба вуҷуд омадааст

Сафиру намояндаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон гуфт, ишғолгарони дирӯз ҳамчунон ба дунболи тавтеа дар Афғонистон ҳастанд.

Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон, пас аз ройзанӣ бо вазири умури хориҷаи Покистон дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории “Эрон Пресс” дар Исломобод, ройзаниҳо бо мақомоти Покистонро мусбат ва созанда хонду афзуд: “Ишғолгарони дирӯзи Афғонистон имрӯз намехоҳанд ин кишвар ба самти суботу созандагӣ ҳаракат кунад”.

 

Сафири Эрон дар Афғонистон таъкид кард, ишғолгарони дирӯзи Афғонистон намехоҳанд як равобити мантиқӣ дар чорчӯби манофеъ ва масолеҳи ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя шакл бигирад.

Козимии Қумӣ гуфт, агарчӣ ишғолгарони дирӯз ҳузури низомӣ дар Афғонистон надоранд, аммо ҳамчунон талош мекунанд дар ин кишвар тавтеа кунанду тақвияти ҳузури гуруҳҳои такфириву террористие монанди ДИИШ дар Афғонистон яке аз ин тавтеаҳост, ки амрикоиҳо дунбол мекунанд.

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон афзуд, табиатан чунин вазъияте бар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва амнияти марзҳо таъсир мегузорад ва агар сиёсати бесуботсозиву ноамнсозӣ дар Афғонистон дунбол шавад, паёмадҳои мухталифе, азҷумла муҳоҷирати афғонҳо ба кишварҳои ҳамсоя дорад.

Козимии Қумӣ бо баёни ин ки ҳар чи қадар вазъияти иқтисодии Афғонистон буҳронӣ бошад, заминаи сӯиистифодаи терроризму дахолатҳои хориҷӣ низ фароҳам мешавад, гуфт: Имрӯз эҳтимоми ҳокимони Афғонистон ин аст, ки дахолати хориҷиро напазиранд, чаро ки мардуми Афғонистон аз ишғолгарӣ ба сутуҳ омадаанд.

Сафири Эрон дар Афғонистон таъкид кард, сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон кумаку ҳимоят аз мардуми Афғонистон ва таомул бо ҳукмронони ин кишвар аст то шароити иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии Афғонистон беҳбуд ёбад.

Козимии Қумӣ ҳамчунин дар бораи ҳамкории Эрон бо Покистон барои кумак ба суботу амният дар Афғонистон гуфт, имрӯз хушбахтона, нигоҳи ҳамгироӣ, ҳамнавъӣ ва ҳамназарӣ байни Эрону Покистон дар бораи Афғонистон ба вуҷуд омадааст то як ҳаракати ҷамъӣ шакл бигирад ва сипас сиёсати ташвиқиву ҳимоятии худро бо Кобул дунбол кунанд.

Сафири Эрон дар Афғонистон гуфт, Эрону Покистон нигоҳи муштарак ба таҳаввулот Афғонистон доранд то бо ибтикори минтақаӣ ва дар чорчӯби ҳамкории созанда бо Кобул, амнияти марзҳо тазмин шавад.

Намояндаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон таъкид кард: Суботу амнияти минтақа дар гарави суботу амнияти Афғонистон аст ва агар дар чорчӯби талоши минтақаӣ ба ҳокимони Афғонистон барои беҳбуди амният кумак шавад, дар воқеъ амнияти минтақа беҳбуд меёбад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп