Август 28, 2023 21:30 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии шурои амният аз ҳузур ва афзоиши фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон
    Нигаронии шурои амният аз ҳузур ва афзоиши фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон

Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз ҳузур ва афзоиши фаъолияти гуруҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигарони кард.

Ба гуфтаи намояндаи Амрико дар Созмони Милал, Афғонистон набояд ба паноҳгоҳи амни гуруҳҳои ҳаросафкан аз ҷумла Алқоида ва ДИИШ табдил шавад Владимир Вронков муовини дабири кулли Созмони Милал барои пайкор бо ҳаросиафкани дар ин нишаст гуфт: Вазъияти амнияти дар Афғонистон ҷидди аст ва афзун бар ДИИШ ҳудуди 20 гуруҳи ҳаросафкан дар Афғонистон фаъолият доранд.

Ин дар ҳоли аст, ки Толибон ки барои бори дувум ба ҳокимият дар Афғонистон боз гашта аст дидгоҳи мутафовити дорад ва яке аз дастовардҳои худро дар ду соли гузашта таҳкими пояҳои амният дар Афғонистон медонад.

Мавзуъи фаъолияти гуруҳҳои террористии ДИИШ ва Алқоида ва 20 гуруҳи дигар дар Афғонистон мавзуъи нав нест ва мақомоти давлати қаблии Афғонистон ҳам борҳо онро такрор карданд, аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ин гуруҳҳо умдатан дар замони ду даҳаи ишғоли Афғонистон аз суи Амрико ва НАТО фаъолияти худро густариш доданд ва дар конуни таҳавулоти амниятии Афғонистон мавзъи нав нест.

Матини Ҳайдари коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегуяд: Масоили амнияти ҳамвора пошнаи ошили Амрико ва муттаҳидони он барои дахолат дар умури Афғонистон аст ва аз тариқ ва абзорҳои мухталиф ҳамчун шурои амният мудовим онро матраҳ мекунанд.

Албата дар мавриди фаъолиятҳои террористӣ ва таҳдидоти онҳо барои Афғонистон ва минтақа ҳушдори шурои амният комилан дуруст аммо беҳтар аст ин шуро бо решаёбии ҳузури террористҳо дар Афғонистон барномаи коромадеро барои аз байн бурдани онҳо иҷро кунад.

Ҳамвора Русия низ дар мавриди афзоиши тавоноӣ шохаи Хуросони гуруҳии ДИИШ дар дохили хоки Афғонистон ҳушдор дода аст.

Ба иборати дигар Маскав бо печидатар шудани ҳамалоти ДИИШ дар баробари Толибон ва аҳдофи байналмилали, тавоноӣ амалиёти ин гуруҳи таҳримшуда дар дохили хоки ин кишвар афзоиш ёфта аст.

Муртазо Ҳусейн коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегуяд: Амрико ва НАТО дар ду даҳаи ишғоли Афғонистон омили аслии идомаи ноамни дар ин кишвар ҳастанд зеро Амрико бо шакли мудириятшуда натанҳо унсурҳои ДИИШ-ро дар Афғонистон созмондиҳи кард балки дар талош аст барои аҳдофи баъдии худ низ аз онҳо истифода кунад.

Аз инру ба назар мерасад ҳушдорҳои пай дар пайи шурои амният дар мавриди масоили амнияти дар Афғонистон дар ҳоли заминасози барои иҷрои аҳдофи пуштипардаи Амрико дар минтақа ва Афғонистон аст.

Дар ҳар ҳол яке аз иқдомоти ҳисобшудаи Амрико дар Афғонистон барҷой гузоштани силоҳҳои мухталиф ва таҷҳизоти ҷанги аст ки гуфта мешавад бахши муҳими аз онҳо дар ихтиёри гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон қарор гирифта аст.

Багунае ки муовини намояндаи Русия дар нишасти шурои амният аз ҷо гузоштани силоҳ ва таҷҳизоти низомии Амрико дар Афғонистон интиқод ва таъкид кард ин силоҳҳо акнун дар ихтиёри гуруҳҳои ҳаросафкан дар Афғонистон қарор дорад ва ҷо гузоштани ин таҷҳизоти низомӣ сабаби таҳдид дар минтақа хоҳад шуд.

Пеш аз ин шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши худ эълом кард гуруҳҳои ДИИШ тавоноиҳои ҷангии худро дар Афғонистон афозиш дода ва теъдоди ҷангҷуёни ин гуруҳ байни 4 то 6 ҳазор нафар тахмин зада мешавад ин дар ҳоли аст, ки бар асоси гузориши қаблии ин шуро теъдоди унсурҳои гуруҳҳои террористии ДИИШ ҳудуди 3500 нафар буд, ки рушди қобили таваҷуҳеро аз назари омори нишон медиҳад аз инру кишварҳои минтақа бо тақвияти ҳамориҳои амниятии худ бояд ба таври ҷидди бо хатароти ноши аз ҳузури гуруҳҳои террористии ДИИШ дар Афғонистон муқобила кунанд ва иҷоза надиҳанд кишварҳои ғарби аз он ба унвони фурсати барои бозгашт ба минтақа ва ба хусус Афғонистон истифода кунанд.