Вуқуъи инфиҷор дар бахшҳои аз шаҳристони Саровони устони Систону Балучистон
(last modified Thu, 18 Jan 2024 08:04:36 GMT )
Январ 18, 2024 13:04 Asia/Dushanbe
  • Вуқуъи инфиҷор дар бахшҳои аз шаҳристони Саровони устони Систону Балучистон
    Вуқуъи инфиҷор дар бахшҳои аз шаҳристони Саровони устони Систону Балучистон

Манобеи хабари аз вуқуъи инфиҷор дар бахшҳое аз шаҳристони Саровони устони Систону Балучистони Эрон ، хабар доданд .

Дар пайи инфиҷор дар рустое дар Саровон кушта шудан 7 ғайри эронӣ ، ки гуфта мешавад аз тараф Покистон будааст ، Ҷумҳурии Исломии Эрон ، тавзеҳи фаврии мақомоти Покистон дар бораи ҳаводиси бомдоди имрӯзи панҷшанбе дар рустои марзии атрофи Саровонро хостор шуд .

Дар ҳамин ҳол Алиризо Марҳаматӣ ، муовини сиёсии амниятии устондори Систону Балучистони Эрон дар гуфтгӯ бо хабаргузории мМҳр гуфт : Соъати 4 : 05 субҳи имрӯз панҷ шанбе ، садоӣ чанд инфиҷор дар маҳдӯдаи шаҳристони Саровон ба гӯш расид, ки пас аз баррасиҳои анҷом шуда,  мутаваҷҷеҳ шудем، Покистонияке аз рӯстоҳои марзии Эронро бо мӯшаки мавриди ҳадаф қарор додааст .

Марҳаматӣ афзӯд : Дар ин ҳамлаи мушакӣ ، се зан ва чаҳор кӯдаки ғайри эронӣ кушта шуданд .

Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Покистони имрӯзи панҷшанбе дар баёнияе зимни таъкид бар ҳамкории муштарак бо Эрон дар хусӯси мубориза бо тероризм ، эълом кард, Покистон паноҳгоҳҳои террористҳои покистонии Аласлро дар дохили хоки Эрони ҳадаф қарор додааст .

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Покистон омадааст : Ба ҳокимияту тамомияти арзии Эрони эҳтироми комил мегузорем .

Вазорати хориҷаи Покистон дар баёнияи худ зимни эҳтироми гузоштан ба ҳокимияту тамомияти арзии Эрони афзуд ، Эрон кишварӣ бародар аст ва  мардуми Покистон барои мардуми Эрони эҳтирому муҳаббати зиёдӣ қоил ҳастанд ، мо ҳамвора бар гуфтгӯ ва  ҳамкорӣ дар муқобила бо чолишҳои муштарак аз ҷумла таҳдиди тероризм таъкид кардаем ва ба талоши худ барои ёфтани роҳи ҳалҳои муштарак идома хоҳем дод .

Ҳамакнӯн шароит дар марзи Эрон ва  Покистони ором ва бинобар гуфтаи Ҳусайналӣ Шоҳкарам мудири поёнаи марзии Мирҷова марзи Эрон ва  Покистон боз аст ва  тараддуди худруҳои транзити бидуни мушкил дар ҳоли анҷомаст .

Айюб Курд мудири кули роҳдории Систону Балучистон ҳам гуфт ، мубодилоти тиҷорӣ ва  содироти коло тибқи риволи гузашта аз поёнаи марзии Мирҷова бидуни ҳеҷ гуна вақфае дар ҳоли анҷомаст ، ба тавре ки рӯзи гузашта шоҳиди тараддуди 450 дастгоҳи камиюн дар ин поёнаи марзӣ будем .