Январ 20, 2024 19:00 Asia/Dushanbe
  • Рушди саноати Эрон бештар аз 164 кишвари ҷаҳон

Рушди саноатии Эрон аз 164 кишвари ҷаҳон бештар шудааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бовуҷуди таҳримҳои Ғарб бавижа Амрико дар солҳои ахир, бо иттико ба тавонмандии дохилӣ ва мутахассисони бумӣ тавониста дар заминаи саноати мухталиф рушди чашмгире дошта бошад.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши ИРНА, Созмони тавсеаи саноатии Милали муттаҳид (UNIDO) имрӯз (шанбе) дар гузорише эълом кард, рушди арзиши афзӯдаи тавлидоти саноатии Эрон дар соли 2022 ба 6/5 дарсад расид, ки аз 164 кишвари ҷаҳон бештар будааст.

Дар соли 2021 низ арзиши афзӯдаи тавлидоти саноатии Эрон 6/6 дарсад рушд карда буд.

Ин гузориш ҳамчунин саронаи арзиши афзӯдаи тавлидоти саноатии Эрон дар соли 2022-ро муодили 825 доллар муҳосиба кардааст, ин рақам барои соли қабл аз он 712 доллар эълом шуда буд.

Бар асос бароварди ин ниҳоди байналмилалӣ, саҳми арзиши афзӯдаи саноатӣ дар тавлиди нохолиси дохилии Эрон дар соли 2022 низ 14/7 дарсад будааст.

Саҳми тавлидоти саноатӣ дар содироти Эрон тайи ин сол 47/7 дарсаду саҳми саноат дар иштиғоли кишвар низ 17/4 дарсад баровард шудааст.

Бар асоси ин гузориш, Эрон аз назари рушди арзиши афзӯдаи саноат тайи соли 2022 дар миёни 213 кишвару минтақаи худмухтор дар рутбаи 49 ҷаҳон қарор дорад, ба иборати дигар рушди арзиши афзӯдаи бахши саноати Эрон аз 164 кишвар ва минтақаи худмухтор бештар будааст.

 

Барчасп