Январ 20, 2024 19:56 Asia/Dushanbe
  • Партоби муваффақи моҳвораи эронии «Сурайё»

Моҳвораи эронии «Сурайё» бо муваффақият дар мадори 750 километрии замин қарор гирифт.

Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст.

Ҳарчанд душманон бо анвоъи таҳримҳо саъй кардаанд, монеъ аз пешрафтҳои иқтисодӣ ва илмӣ, аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд, аммо бо вуҷӯди тамоми маҳдӯдиятҳо ва фишорҳо, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба анвоъи фанновариҳои фазоӣ ва муртабит бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияте бузург барои Эрони исломӣ донист.

Тафовути барномаи фазоии Эрон бо соири кишварҳои минтақаи Ғарби Осиё ин аст, ки Эрон бар тавони дохилии худ устувор буда ва аз фанноварии бумӣ ва дохилии худ баҳра ҷустааст.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, моҳвораи «Сурайё»-и Созмони фазоии Эрон имрӯз (шанбе) бо моҳворабари сӯхти ҷомиди се марҳалаии “Қоим 100”-и нерӯи ҳавои фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба фазо партоб шуд.

Ин моҳвора бо муваффақият дар мадори 750 километрии замин қарор гирифт.

«Қоим 100» аввалин моҳворабари се марҳалаии сӯхти ҷомиди сохти Эрон аст, ки тавассути донишмандони нерӯи ҳаво-фазои сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ сохта шудааст.

 

Барчасп