Дарёфти аввалин сигнал аз моҳвораи эронии “Сурайё”
(last modified Sun, 21 Jan 2024 16:15:18 GMT )
Январ 21, 2024 21:15 Asia/Dushanbe
  • Зореъпур: Муваффақияти моҳвораии \
    Зореъпур: Муваффақияти моҳвораии \"Сурайё\" комил шуд

Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъйиди дарёфти сигналҳои моҳвораи “Сурайё”, муваффақияти амалиёти қароргирӣ ва коркарди ин моҳвора дар мадорро комил эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Исо Зореъпур, вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон рӯзи шанбе бо интишори посте дар шабакаи иҷтимоии эронӣ навишт: “Муваффақияти моҳвораии “Сурайё” комил шуд.

Зореъпур афзуд, шаби гузашта истгоҳҳои заминӣ сигналҳои моҳвораи “Сурайё” ва додаҳои телеметрии марбут ба саломати зери сомонаҳои таъмини энержӣ, таъйини мавқеияти худкор, иртиботӣ ва кантролӣ ва пардозишгарҳоро дарёфт карданд, ки нишон медиҳад, ҳоли моҳвора хуб аст.

Бо партоби ин моҳвораи таҳқиқотӣ, бисёре аз зерсистемаҳои тавсеаёфташуда тавассути пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон низ дар шароити тести мадорӣ қарор мегиранду роҳ барои тавсеаи фаврии санъати фазоии бумии Эрон ҳамвортар мешавад. Зимни ин ки ин партоб қадаме муҳим дар ростои афзоиши тавонмандии тазриқи моҳвора дар мадорҳои болотар маҳсуб мешавад.

Мутахассисони эронӣ пештар моҳвораҳои “Нур – 2” ва “Нур – 3” тавассути моҳворабари бумии “Қосид”, сохти Эронро бо муваффақият ба мадори 500 километрӣ аз сатҳи замин партоб карда буданд.

Моҳвораи “Сурайё” бо моҳворабари “Қоим – 100” тавонист рекорди қарор гирифтани моҳвора дар баландиро дар санъати фазоии Эрон тағйир диҳад.