Лориҷонӣ: Ҳимоят аз террористҳо, ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аст
(last modified Tue, 03 Jan 2017 14:32:15 GMT )
Январ 03, 2017 19:32 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Ҳимоят аз террористҳо, ҳимоят аз режими саҳюнистӣ аст

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон аз нақши бархе кишварҳо дар буҳронсозӣ дар минтақа аз роҳи ҳимоят аз террористҳо, интиқод кард.

Ба иттилои Ирно, Алии Лориҷонӣ рӯзи сешанбе дар дидори Нурӣ Моликӣ, муовини аввали раисҷумҳури Ироқ дар Теҳрон ҳимояти бархе кишварҳои минтақаро аз террористҳо ба маънои иҷрои ҳадафҳои режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз ин режим донист .

Лориҷонӣ, иттиҳод ва вифоқи миллӣ байни гурӯҳҳои сиёсӣ дар Ироқро рамзи пирӯзии ин кишвар дар баробари терроризм донист ва афзуд, тақвияти вифоқи миллии фарогир ва рафъи ихтилофоти байни нерӯҳои сиёсии Ироқ метавонад ҳалли мушкилоти мардуми Ироқро ба ҳамроҳ дошта бошад .

Муовини аввали раисҷумҳури Ироқ ҳам бо қадрдонӣ аз мавозеи усулии ҷумҳурии исломии Эрон дар мавзуоти минтақаӣ бавижа дар буҳрони Ироқ ва Сурия гуфт, сиёсатҳои Эрон ҳамвора дар чорчуби ҳимоят аз муқовимат ва муборизаи воқеӣ бо терроризм будааст .