Абдуллоҳиён: Эрон ба амрикоиҳо паёму ҳушдори ҷиддӣ додааст
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ба амрикоиҳо паёму ҳушдори ҷиддӣ додааст, ки иқдоми муштараки онҳо бо британияиҳо дар дарёи Сурх зидди Яман хатои стратегӣ аст.
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, ки рӯзи душанбе барои ширкат дар нишасти Шӯрои амният дар борам авзои Ғарби Осиё ба Ню-Йорк сафар кардааст, пас аз поёни дидорҳои дуҷонибаи худ дар нахустин рӯзи сафар дар посух ба суоли хабарнигори ИРНА афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон ба амрикоиҳо паёму ҳушдори ҷиддӣ додааст, ки иқдомоти Амрико ва Британия дар ҳамлаи муштарак ба манотиқе аз Яман, ҳамла, таҳдиди сулҳу амният дар минтақа ва ташдиди доманаи ҷанг аст.
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, пас аз ҳамлаи Амрико ва Британия ба Яман, тасовири моҳвораӣ нишон медиҳад, ки ҳудуди 230 киштии тиҷориву нафтӣ дар дарёи Сурх дар ҳоли ҳаракат будааст. Ин ба он маъност, ки паёми яманиҳоро ба хубӣ дарёфт кардаанд, ки сирфан киштиҳое, ки ба мақсади банодири режими ишғолгари саҳюнистӣ дар ҳаракат ҳастанд, тавассути Яман мутаваққиф мешаванд.