Январ 26, 2024 18:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷи Алиакбарӣ: Ҳамаи хабарҳо аз шикасти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он ҳикоят дорад
    Ҳуҷҷатулислом Ҳоҷи Алиакбарӣ: Ҳамаи хабарҳо аз шикасти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он ҳикоят дорад

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза шикаст хӯрда ва ба ҳеҷ як аз аҳдофаш нарасидааст.

Ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷаводи Ҳоҷи Алиакбарӣ, хатиби ҷумъаи Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи шаҳри Теҳрон дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ дар борикаи Ғазза гуфт: Баъд аз 110 рӯз аз оғози амалиёти “Тӯфони Алақсо” ҳамаи хабарҳо аз шикасти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он ва пирӯзии муҷоҳидону мардуми мазлуми Фаластину Ғазза ҳикоят дорад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҷаводи Ҳоҷи Алиакбарӣ, имоми ҷумъаи Теҳрон

 

Хатиби ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ин ки режими саюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофи худ дар Ғазза нарасидааст, гуфт: Мардуми Фаластин муқовим истода ва тавонистаанд талафоту хисоратҳои сангинеро ба режими саҳюнистӣ ворид кунанд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин дар бахши дигаре аз хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи шаҳри Теҳрон бо ишора ба интихоботи пеширӯ дар Эрон (интихоботи Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва хубрагони раҳбарӣ) таъкид кард, миллати Эрон бо мушорикати густардае тамоми тавтеаҳои душманонро хунсо мекунанд, зеро ширкат дар интихобот вазифаи исломӣ, миллӣ ва саросарӣ аст.

 

Барчасп