Январ 27, 2024 13:27 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Теҳрон барои такмили коридори рейлии Эрон ва Туркия

Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон аз пешниҳоди Теҳрон дар бораи такмили коридори рейлии Эрон ва Туркия хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА,Меҳрдоди Базрпош-вазири роҳу шаҳрсозии Эрон бо ишора ба сафари якрӯза ба Туркия, ки ба ҳамроҳи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом шуд, гуфт:Бо такмили ин коридори рейлӣ, Туркия метавонад ба обҳои озод дастрасӣ пайдо кунад, ки мавзӯъ дар ҳоли пайгирӣ аст ва мавзӯъоти тахассусии ин пешниҳод дар Теҳрон идома хоҳад ёфт.

Базрпош аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи ду кишвари Эрон ва Туркияро мавзӯъи ҳамлу нақли ҷодаӣ унвон кард. Вай ҳамчунин гуфт: Дар ҳавзаи энергия  қарордоди пешини Эрон бо Туркия тамдид шуд, ҳамчунин барои сохти хатти ҷадиди интиқоли гази Эрон ба Туркия тавофуқ шуд то ҳарчи зудтар қарордоди ҷадид ниҳоӣ шавад ва Туркия низ дар мадонҳои газии Эрон сармоягузорӣ кунад.

 

Барчасп