Канъонӣ иқдоми мусаллаҳона дар Саровонро маҳкум кард
Январ 28, 2024 11:02 Asia/Dushanbe
Носири Канъонӣ сухангуи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони иқдоми мусаллаҳона дар атрофи шаҳри Саровонро ба шиддат маҳкум кард.
Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонӣ иқдоми мусаллаҳонаи субҳи рузи шанбн дар атрофи шаҳри Саровон ки барасоси гузоришҳои аввалия ва дар ҳоли баррасӣ ба ҷон бохтан 9 шаҳрванди покистонӣ ва захмӣ шудан се нафар мунҷар шудро ба шиддат маҳкум кард ва бо давлати Покистон ва хониводаҳои қурбониёни иброз ҳамдардӣ кард .
Сухангуи Вазорати умури хориҷа бо баёни ин ки таҳқиқот дар ин замина идома дорад афзуд: Эрон ва Покистон ба душманон иҷоза нахоҳанд дод ба равобити бародаронаи ду кишвари садама ворид кунанд.
Барчасп