Январ 29, 2024 18:12 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Раҳбари муаззами инқилоб аз намоишгоҳи тавонмандиҳои тавлиди дохилӣ (такмили)
    Боздиди Раҳбари муаззами инқилоб аз намоишгоҳи тавонмандиҳои тавлиди дохилӣ (такмили)

Ҳазрати оятуллоҳ Хоминаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломии субҳи имрӯз душанбе аз намоишгоҳи тавонмандиҳои тавлиди дохил ки дар маҳали ҳусайнияи имоми Хумайни(рҳ) барпо шуда буд боздид карданд.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ муҳимтарин вижагии намоишгоҳи имсол тавлиди дохил бо меҳварияти ширкатҳои донишбунён ва занҷираи таъмини тавлид буд.

Дар ин намоишгоҳи ширкатҳои донишбунён дар бахшҳои энержӣ, санъати нафту петрошимӣ, саноеъи худравсозӣ, маъдану саноати маъданӣ ва фулузӣ, иртиботот ва фанноварии иттилоот ва сохти моҳвора, саноеъи ғизоӣ ва кишоварзӣ, таҷҳизоти пизишкӣ, саноати дастӣ, ҳамлунақли ҳавоӣ, дарёӣ, рийли ва заминӣ, саноати нассаҷӣ ва маскану лавозими хонагӣ охирин дастовардҳо ва тавлидоти худро ба намоиш гузошта буданд.

Тавонмандиҳои ширкатҳои донишбунён дар тарроҳӣ ва сохти таҷҳизоти саноати ҳаффории чоҳҳои нафту санъати петрошимӣ ва котолистҳо яке аз бахшҳои ин намоишгоҳ буд.

Ширкатҳои донишбунёни фаъол дар ҳавзаи барқу нерӯгоҳ низ дастовардҳо ва тавонмандиҳои худро дар ин намоишгоҳ арза карда буданд.

Дар ин намоишгоҳи ҳамчунин худруҳо ва моторсиклетҳои барқии ва шоржрҳои онҳо ва моторҳои беҳинасозӣ шудаи худру бо масрафи поин ироа шуда буд.

Барномарезиҳои анҷомшуда барои донишибунён шудани ширкатҳои бузурги санъатӣ ва ҳам чунин фаъолияти ширкатҳои донишибунён низ дар бахшҳои мухталиф дар ин намоишгоҳ тавзеҳ дода шуд.

Санъати фулод ва тавонмандиҳои ширкатҳои донишибунён дар ин бахш ва ҳам чунин дар бахши саноати маъдани ҳам чун мис бахши даиигари аз ин намоишгоҳ буд.

Барчасп