Январ 31, 2024 10:02 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ тасреҳ кард, сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора мубтанӣ бар тақвияти муносибот бо ҳамсоягон будааст.
    Канъонӣ тасреҳ кард, сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора мубтанӣ бар тақвияти муносибот бо ҳамсоягон будааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон иттиҳомзанӣ ва изҳороти беасоси дабири кулли НАТО дар бораи нақши Ҷумҳурии исломӣ дар минтақаро маҳкум кард.

Столтенберг Йенс, дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ахиран Ҷумҳурии Исломии Эронро муттаҳам ба бесуботӣ дар минтақаи Ғарби Осиё кард ва муддаӣ шуд: Эрон ба далели ҳимоят аз террористҳое, ки ба киштиҳо дар Дарёи Сурх ҳамла мекунанд, масъул аст.

Ба гузориши ИРНА, Носири Канъони Чофӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, иддаоҳои матраҳ шуда аз сӯи дабири кулли НАТО ба як танзи талх шабоҳат дорад, чаро, ки НАТО ва бархе аъзои он бо собиқаи торики истеъморгарӣ, тарроҳӣ ва иҷрои сиёсатҳои мухарриб ва мудохилаҷуёна ва низ иқдомоти низомӣ дар Ғарби Осиё ва дигар манотиқи ҷуғрофиёӣ, мусаббиби аслии бесуботӣ ва ноамнӣ, на фақат дар минтақа, ки дар саросари ҷаҳон ҳастанд.  

Канъонӣ тасреҳ кард, сиёсати усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора мубтанӣ бар тақвияти муносибот бо ҳамсоягон дар чорчуби асли ҳусни ҳамҷворӣ ва эҳтироми мутақобил будааст.

Вай таъкид кард, талош барои раисдан ба минтақае босубот, амн ва шукуфо ва ҳамзамон, нафии мудохилоти хориҷӣ, ҳамвора аз усули мусаллами сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон башумор меравад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтидои ҷанги Ғазза, борҳо дар бораи хатари густариши доманаи даргириҳо дар минтақа ба далели идомаи ҳамалоти режими саҳиюнистӣ зидди мардуми Фаластин ва низ пуштибонии ҳамаҷонибаи Амрико аз наслкуши фаластиниён дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ ҳушдор додааст.

Эрон ҳамчунин нақзи пойдор ва мукаррари ҳокимияти миллии Ироқ ва Сурия тавассути нируҳои амрикоӣ ва бомбаборонҳо ва ҳамалоти зидди гурӯҳҳо ва мардуми Ироқ, Сурия ва Яманро ташдид кунанда ин чархаи бесуботӣ донистааст. Бинобар ин, тарҳи иддаои нақши Эрон дар ҳамалот ба мавозеи амрикоиҳо дар минтақаро бояд бештар талоше барои густариши ҷуғрофияи даргириҳо ва мунҳариф кардани азҳони умумӣ аз наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза донист, ки бо ҳимоятҳои сиёсӣ, низомӣ ва молии Амрико идома дорад. Ҳимоятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳаққи машрӯъи муқовамат барои дифоъ аз худ ва муқобила бо ишғолгарон ва мутаҷовизон, ҳамвора идома дошта ва борҳо низ бар он таъкид шудааст, аммо ин ба маънои дахолат дар иқдомот ва амалиёти гурӯҳҳои муқовамат нест.  

Бештар бихонед:

Барчасп