Феврал 01, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури доварони эронӣ дар мусобиқоти футсоли бонувони КОФО 2024
    Ҳузури доварони эронӣ дар мусобиқоти футсоли бонувони КОФО 2024

Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ " КОФО " аз ҳузури ду довар ва як нозири эронӣ дар мусобиқоти футсоли бонувони КОФО 2024 дар Тоҷикистон хабар дод .

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории Садо ва  Симо , торноменти футсоли бонувони КОФО 2024 аз якум то давоздаҳуми феврал ( 12 то 23 баҳман ) дар шаҳри Душанбеи пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле баргузор хоҳад шуд ки бо эъломи КОФО ,  "Заҳро Раҳимӣ " ва " Беҳнози Обак " ба унвони довар ва " Марями Пурҷаъфариён " ба унвони нозири доварӣ аз Эрон барои қизоват дар ин мусобиқоти интихоб шудаанд .

" Беҳноз Обак "

 

Ин мусобиқот бо ҳузури тимҳои миллии футсоли бонувони Узбекистон , Тоҷикистон, Эрон , Қирғизистон ва Қазоқистон баргузор мешавад .