Ҷаҳиши ҷадид дар фанноварии фазоии Эрон; сохти 30 моҳвораи эронӣ
(last modified Fri, 02 Feb 2024 13:02:03 GMT )
Феврал 02, 2024 18:02 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди моҳвораҳои дар дасти сохт ба 30 адад ва омодаи партоб 12 адад аст
    Теъдоди моҳвораҳои дар дасти сохт ба 30 адад ва омодаи партоб 12 адад аст

Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон аз сохти 30 моҳвораи эронӣ то поёни имсол (1402 шамсӣ) хабар дод.

Пешрафтҳои фазоии Эрон ба гунае чашмгир буда ки дар ояндаи наздик дорои манзумае аз моҳвораҳо дар мадори Замин хоҳад буд.

Тасбити ҷойгоҳи Эрон дар санъати фазоӣ дар солҳои ахир бо сохти анвоъи моҳвораҳо бо қобилиятҳои илмӣ, таҳқиқотӣ, ҷуғрофиёӣ ва низомӣ муҳаққақ шудааст.

Дар ҳоле ки ширкатҳои бузург бо дастовез қарор додани таҳримҳо аз додани қатаъоти калидӣ, ҳатто дар бахшҳои санъатӣ низ худдорӣ мекунанд, аммо ҷавонони донишманду мутахассиси эронӣ бидуни тавваҷуҳ ба коршиканиҳову иқдомоти тахрибии мақомоти амрикоиву аврупоӣ ба талоши худ идома медиҳанду ҳосили ин худбоварӣ ва азми росих тасхири фазо ва сохти моҳвораҳои пешрафта будааст.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи Хабаргузории садо ва симо, Исо Зореъпур, вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар санъати фазоӣ ва тавлиди анвоъи моҳвораҳо гуфт: То поёни имсол (1402 шамсӣ) теъдоди моҳвораҳои дар дасти сохт ба 30 адад ва теъдоди моҳвораҳои омодаи партоб ба 12 адад мерасад.

Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон бо ишора ба партобу тазриқи муваффақи моҳвораи "Маҳдо" дар мадори фазоӣ афзуд: Яке аз хусусияти моҳвораи “Маҳдо” қарор гирифтан дар мадори байзавӣ бо каминаи 450 ва пешинаи ҳудуди 1100 километр аст, яъне навъи тарроҳӣ ва сохти он аз чунон сатҳе аз фанноварӣ бархӯрдор аст, ки барои нахустин бор як моҳвораи эронӣ фаъолият дар мадор бо иртифои беш аз ҳазор километрро таҷриба мекунад ва метавонад дар шароити хоси он мадор фаъолият кунад.