Январ 04, 2017 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ирҷои ихтилофоти газии Эрону Туркманистон ба доварии байналмилалӣ

Ширкати миллии гази Эрон, ихтилофоти худ бо Ширкати Туркман газро ба доварии байналмилалӣ ирҷоъ медиҳад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Ширкати миллии гази Эрон эълом кард: Ин ширкат дар солҳои ахир бахше аз қарзи қаблии худ ба Ширкати Туркман газро, ки беш аз 4/5 миллиард доллар буда, бо ҳусни ният ба равишҳои мухталиф пардохт кардааст .

Тибқи иттилоияи Ширкати миллии гази Эрон ончи ба унвони қарзи Ширкати миллии гази Эрон ба Туркманистон матраҳ аст, марбут ба солҳои таҳрими золимонаи Эрон буда, ки дар он давра низ агарчи имкони пардохти мустақими пул ба далели таҳримҳо вуҷуд надошта, аммо Эрон маболиғи қобили таваҷҷуҳе аз ин қарзро бо тавофуқи тарафайн дар қолаби содироти коло ва хадамот ба Ширкати Туркман газ пардохт кардааст .

Ширкати миллии гази Эрон бо ишора ба тахаллуфоти мутааддиди Ширкати Туркман газ аз мафоди қарордоди дуҷониба аз ҷумла дар кайфият ва каммияти гази таҳвилӣ ба Эрон таъкид кардааст: Бар асоси мафоди сареҳи қарордоди имзошуда миёни Ширкати миллии гази Эрон ва Ширкати Туркман газ, ин ширкат ҳатто дар сурати вуҷуди қарз ё таъхир дар пардохт аз сӯи тарафи эронӣ, муҷоз ба қатъи ҷараёни газ нест ва чунин иқдоме нақзи ошкори қарордод аст .

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон рӯзи сешанбе дар баёнияе бо ишора ба қатъи содироти газ ба Эрон муддаӣ шуда буд, ин иқдоми давлати Ишқобод ношӣ аз тааллули Ширкати миллии гази Эрон дар пардохти қарзҳост.

Ширкати Туркман газ ба таври ногаҳонӣ ва дар иқдоме муғойир бо қарордоди ду ҷонибааш бо Эрон, бори дигар бо оғози фасли сармо бо тарҳи иддаои талабкории молӣ аз Эрон аз субҳи рӯзи якшанбеи гузашта ҷараёни гази ирсолӣ ба Эронро қатъ кардааст .

Туркманистон дар соли 2009 низ дар авҷи сармои зимистон барои афзоиш додани қиммати гази худ, интиқоли газ ба Эронро қатъ карда буд .

 

Барчасп