Дурахшиши тими донишомӯзии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии улум ва ихтирооти 2024 Тайван
(last modified Sat, 03 Feb 2024 09:57:36 GMT )
Феврал 03, 2024 14:57 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши тими донишомӯзии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии улум ва ихтирооти 2024 Тайван

Тими донишомӯзии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии улум ва ихтирооти ҷаҳонии Тайван 2024 муваффақ ба касби мақоми чаҳорум шуд.

Мусобиқоти ҷаҳонии улум ва ихтирооти ҷаҳонии Тайван 2024 бо ҳузури тимҳои мунтахаб аз 28 кишвари ҷаҳон ба муддати панҷ рӯз ва дар рӯзҳои 28 январ то 2 феврал ба мизбонии кишвари Тайван баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии радиои тоҷикии Садои Хуросон; Маҳди Рашидии Ҷаҳон, намояндаи илмӣ ва сарпарасти тими Эрон бо ишора ба муваффақияти тими мунтахаби донишомӯзии Эрон дар мусобиқоти улум ва ихтирооти ҷаҳонии Тайван 2024 гуфт: Дар риштаи фаннии муҳандисӣ 41 тим аз 28 кишвар ба марҳилаи ниҳоӣ расида буданд, ки дар ин марҳилаи тими дунафараи Эрон пас аз тимҳои Тайван, Амрико ва Русия муваффақ ба касби мақоми чаҳоруми ин давра аз мусобиқоти ҷаҳонии улум ва ихтирооти Тайван 2024 шуд.

 Рашидӣ гуфт: Меҳроди Фаридӣ ва Илё Ҳоҷӣ ба унвони намояндагони Эрон дар риштаи фаннӣ ва муҳандисӣ дар ин рӯйдоди ҷаҳонӣ ширкат карданд.