Баргузарии аввалин торноменти байналмилалии кабадди дар Сабзавор
(last modified Mon, 05 Feb 2024 06:50:07 GMT )
Феврал 05, 2024 11:50 Asia/Dushanbe
  • Баргузарии аввалин торноменти байналмилалии кабадди дар Сабзавор
    Баргузарии аввалин торноменти байналмилалии кабадди дар Сабзавор

Торноменти байналмилалии кабаддии Ҷоми фаҷри муқовимат бо ҳузури тимҳои миллии Покистон , Ироқ , Фаластин , Лубнон ва Эрон дар донишгоҳи Ҳакими Сабзаворӣ дар ҳол баргузорӣ аст .

Сафарали Сорихонӣ ; Дабири федератсияи кабаддии Эрон ва  раиси Кумитаи доварони кабаддии Осиё дар ифтитоҳияи торноменти кабаддии фаҷри муқовимат дар донишгоҳи Ҳакими Сабзаворӣ , гуфт : Ҳадаф аз баргузарии ин рӯйдод ва  даъват аз кишварҳои ҳамҷавор , эҷоди ҳамбастагии бештар дар абъоди варзишии кишварҳои исломӣ ва  рушди рӯзафзӯни кабадди дар Осиё будааст .

Раиси донишгоҳи Ҳаким Сабзаворӣ низ дар ин маросим гуфт : Муфтахирем, ки гиромидошти Даҳаи Фаҷр бо мусобиқоти кабадди дар донишгоҳи Ҳаким Сабзивори баргузор шуда ва ин муҳими худ муқаддамае барои ваҳдати бештаре аз ҷаҳон ислом хоҳад буд .

Торноменти байналмилалии кабаддии Ҷоми фаҷри муқовимат , то сешанбеи 17 баҳман ба мизбонии донишгоҳи Ҳакими Сабзиворӣ дар ҳол баргузарӣ аст.