Дарёфти ҷоизаи китоби соли Эрон руъёи эроншиносони рус
-
Лоно Ровандӣ, эроншиноси рус
Эроншиноси рус бо баёни ин ки дарёфти ҷоизаи китоби соли Ҷумҳурии исломии Эрон, орзӯи эроншиносони русӣ аст, гуфт: Ин ҷоиза эътибори болое дар Русия дорад ва дар равобити фарҳангии Эрону Русия муассир аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Лоно Ровандӣ, эроншиноси рус дар бораи ҷоизаи ҷаҳонии китоби соли Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Дар Русия ва дар маҳофили академӣ дар бораи ҷоизаи «Китоби соли Ҷумҳурии исломии Эрон» ба некӣ сухан гуфтаанд, ин ҷоиза дар воқеъ муҷиботи ошноии эрониён бо дастовардҳои муҳаққиқони рус дар ҳавзаи эроншиносиро фароҳам мекунад.
Ровандӣ бо ишора ба ин ки ин ҷоиза ба тақвияти эроншиносиву исломшиносӣ мусоидат кардаву донишмандонро ба кашфиёти ҷадиду мутолеа перомуни мавзӯоти ҷолиби тавваҷуҳ ташвиқ мекунад, гуфт: Ба унвони намуна, дар декабри соли 2016 осори марбут ба мутолеаи нусхаи хаттии “Форсӣ ва Ислом дар Осиёи Марказӣ”, ба вижа “Ҳуқуқи исломӣ” муваффақ ба дарёфти ҷоизаи «Китоби сол» шуданд.
Нависандаи китоби «Аҳзобу гуруҳҳои сиёсии Эрон» бо ишора ба ин ки чандин нафар аз шарқшиносони рус муваффақ ба дарёфти ин ҷоизаи арзишманд шудаанд, таъкид кард, дар ҳоли ҳозир ба воситаи равобити наздики Эрону Русия, шоҳиди рушди тавваҷуҳ ба ҳавзаҳои тавсеаи сиёсии Эрони имрӯз, зарфиятҳои иқтисодии Эрон ва тарҳҳои муштараки иқтисодии Эрон - Русия дар шохаи эроншиносии Русия ҳастем.
Ровандӣ дар бораи шохаҳои мутолеотӣ дар Русия дар хусуси фарҳанги Эрон ва ҳамчунин забони форсӣ гуфт: Дар Русия мутолеоти бисёре дар хусуси фарҳангу тамаддун ва ҳамчунин вазъияти ақаллиятҳои қавмиву динӣ дар Эрон сурат гирифтааст.
Ин эроншиноси рус афзуд, вижагиҳои вожагони забони форсӣ пайваста мавриди мутолеа қарор мегиранд, мутолеоте низ дар бораи бархе гӯишҳои забони форсӣ ва вижагиҳои маъноии онҳо сурат гирифтааст.