Феврал 07, 2024 19:44 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи беъсати Паёмбари бузурги Ислом (с)
    Солрӯзи беъсати Паёмбари бузурги Ислом (с)

Панҷшанбеи 27 раҷаби соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 8 феврали 2024, Мабъаси паёмбари аъзам (с) аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, иди Мабъас рӯзе аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар синни 40 солагӣ, дар Ғори Ҳиро тавассути Ҷабраил ва аз сӯи Худованди мутаол ба паёмбарӣ баргузида шуданд.

Эшон ба унвони охирин сафир аз паёмбарони бузурги илоҳӣ дар 27 моҳи раҷаб аз соли чиҳилуми Омулфил ба паёмбарӣ баргузида шуданд то ҷомеаи ҷоҳилиро, ки ғарқ дар ҷаҳолату беахлоқӣ буд, ба самти ахлоқмадорӣ, каромати инсонӣ ва иззати нафс даъват кунанд.

Беъсати паёмбари акрам (с) -ро бояд сароғози ташкили бузургтарин тамаддуни исломиву ахлоқии ҷаҳон донист, ки инсонҳоро аз олудагиҳои фикриву ақидатӣ дар тӯли таърих наҷот дод.

Паёмбари бузурги Ислом бо муъҷизаи Қуръони Карим - ба унвони беҳтарину комилтарин китоби осмонӣ мабъус шудааст, мабъасе, ки инфиҷори нуру зуҳури арзишҳои инсонӣ дар саҳнаи ҳаёти башарӣ буд.

Эшон бо нузули китоби осмонии Қуръон, мафоҳими ҷадиде аз қабили такрими занону духтарон, мубориза бо зулму бутпарастӣ, кумак ба ҳамнавъ, тавҳиду ягонапарастӣ ва ахлоқи некро дар ҷомеаи инсонӣ поярезӣ карданду роҳи расидани инсонҳо ба саодати дунявиву ухравиро табйин карданд.

Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани бузургтарин иди мусулмонони ҷаҳон - солрӯзи беъсати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) - ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

 

Барчасп