Мувофиқати Раҳбари инқилоб бо афв ё тахфифи муҷозоти 2827 нафар дар Эрон
Феврал 07, 2024 20:10 Asia/Dushanbe
-
Афви 2827 нафар аз маҳкумони зиндонҳои умумӣ ва инқилоб дар Эрон
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати иди Мабъаси паёмбари гиромии Ислом (с), солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ ва аъёди Шаъбония, бо дархости раиси Қувваи қазоия барои афв ё тахфифу табдили муҷозоти ҷамъе аз маҳкумон мувофиқат карданд.
Дар номаи раиси Қувваи қазоия, афв ё тахфифу табдили муҷозоти ду ҳазору ҳаштсаду бистуҳафт нафар аз маҳкумони зиндонҳои умумӣ ва инқилоб, созмони қазоии Неруҳои мусаллаҳ ва таъзироти ҳукуматӣ дархост шуда буд.
Барчасп