Эрон шарики муҳимми Қазоқистон дар Халиҷи Форс
Вазири тиҷорату ҳамгароии Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики муҳим дар минтақаи Халиҷи Форс донист.
Ба гузориши ИРНА, Арман Шаккалиев, вазири тиҷорату ҳамгароии Ҷумҳурии Қазоқистон дирӯз (ҷумъа) дар маросими 45-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар сафорати Эрон дар Остона, зимни табрики солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва ҷашни миллии эрониён, ба дастовардҳои бузурги кунӯнии Эрон дар заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, фарҳангӣ, инсонӣ ва ҷойгоҳу эътибори Эрон дар арсаи байналмилалӣ ишора карду афзуд: Теҳрон шарики қобили эътимоди Остона дар минтақаи Халиҷи Форс аст.
Вай бо ишора ба равобити дуҷонибаи кунӯнӣ ва талошҳои суратгирифта барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории фимобайн ба мизони се миллиарддоллар байни Эрону Қазоқистон, таъкид кард, ҳамкориҳои ҳамлу нақл ва луҷистик байни ду кишвар низ ба суръат дар ҳоли тавсеа аст.
Арман Шаккалиев афзуд, тарафайн ба таври муштарак дар ҳоли тавсеаи роҳи оҳани Қазоқистон - Туркманистон - Эрон ҳастанд, ки яке аз шохаҳои муҳими каридори шимол – ҷануб аст.
Алиакбари Ҷавкор, сафири Эрон дар Қазоқистон низ дар ин маросим дар суханоне ба табйини аҳдофи олии Инқилоби Исломии Эрон пардохт ва гуфт, баргузории ду референдуми таъйини навъи ҳукӯмат ва ҳамчунин қонӯни асосӣ дар камтар аз ду моҳ пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ, ки дар таърихи инқилобҳои ҷаҳон беназираст, пардохт.
Вай бо ишора ба равобити дӯстона ва бародаронаи Теҳрону Остона, афзуд, сафарҳои мутақобили руасои ҷумҳурии ду кишвар дар соли гузашта ба Теҳрону Остона фасли ҷадиде аз равобити ду кишвар гушӯд, ки бо барномарезии ба амал омада ва таҳияи нақшаи роҳи афзоиши тиҷорати ду кишвар, интизор меравад, ҷаҳиши бузург дар равобити тиҷории Эрону Қазоқистон ба вуҷӯд оварад.
Сафири Эрон дар Қазоқистон ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханони худ ба куштори бераҳмонаи мардуми Ғазза дар чаҳор моҳи гузашта тавассути режими хушунатталаби саҳюнистӣ ишора ва бар зарурати бакор гирифтани созу корҳои байналмилалии муассир барои ҷилавгирӣ аз ин гуна хушунатҳо, ки намунаи комили наслкушӣ ва ҷинояти ҷангӣ аст, таъкид кард.