Ифтитоҳи ҳабдаҳумин намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Теҳрон
-
Ифтитоҳи ҳабдаҳумин намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Теҳрон
Ҳабдаҳумин намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии Теҳрон имрузи Душанбе бо ҳузури мақомоти Вазорати мироси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Эрон ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ба сурати расмӣ ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши ИРНА, намояндагон ва фаъолони санъати гардишгарӣ аз 11 кишвари ҷаҳони шомили Русия, Туркия, Малайзия, Инданезия, Тайланд, Узбекистон, Ветнам, Тоҷикистон, Зимбабва, Танзания ва Сирилонка дар ин давра аз намоишгоҳ повиюни ихтисосӣ доранд.
Намоишгоҳи гардишгарӣ ва саноеъи вобастаи Теҳрон дар 20 салон ва 60 ҳазор метримураббаъ ва бо 982 ғурфа дар 30 ҳазорметримурабаи ғурфасозӣ шуд ки то 15 феврал пазирои мардуми боздидкунандагон ва гардишгарон аст.
Ҳамчунин 69 дафтари хадамоти мусофиратии хориҷӣ дар ин намоишгоҳ ғурфа доранд ва барои ширкаткунандагон хориҷии фазоҳои музокироти ҳамкории тиҷории ду ва чанд ҷониба муҳаё шуда аст.
Илова бар расонаҳои дохилӣ ва хориҷии 20 фаъоли маҷозии пурбинанда дар ин руйдод ҳузур доранд .
Пеш аз ифтитоҳи намоишгоҳи гардишгарӣ ва саноеъи вобастаи Теҳрон маросими расмӣ ва суханронии Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури Зуроб Пулуликошвили дабири кули созмони гардишгарии милали муттаҳид "UNTOURISM" дар салони иҷлоси сарон дар Теҳрон баргузор шуд.
Дар ин маросим лавҳи сабти ҷаҳонии шаҳри Язд ба унвони пойтахти кишварҳои узви маҷмаъи гуфтугуҳои ҳамкории осиёӣ ва лавҳи "Кандувон" рустои бартари гардишгарии Озарбойҷони Шарқӣ эъто шуд.