Тафсир : Эрон ҷузви 10 кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар санъати дарёнавардӣ
Муовини вазири роҳ ва мудиромили Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки , солона 40 ҳазор киштӣ дар банодири Эрон тараддуд дорад , гуфт ки новгони дарёии Эрон дар байни 10 кишвари бартари ҷаҳон дар ин ҳавза қарор дорад .
“ Алиакбари Сафойӣ “ муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва мудиромили Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар Ҳамоиши иқтисоди дарёмеҳварии Эрон ( каридури шимол - ҷануб ) , бо ишора ба савоҳили тӯлонӣ ва роҳбурдии Эрон дар Халиҷи Форс ва дарёи Уммон дар ҷануб ва дарёӣ (дарёча ) Хазар дар шимол ва тараддуди чашмгири шиноварҳои хориҷӣ аз ин масир , ояндаи кишвар дар заминаи санъати дарёнавардиро равшан ва рӯ ба рушд донист .
Таҳия ва тадвини санади тавсеаи иқтисоди дарёмеҳвари ба унвони нуқтаи атфӣ дар сиёсатҳои дарёии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои гузашта нишон медиҳад ки Теҳрон ба дарё ба унвони яке аз муҳимтарин авомили пешрафти кишвар нигоҳ мекунад . Ба ҳамин далели Ҷумҳурии исломии Эрон талош дорад бо тавваҷуҳ ба потанселҳои мавҷӯду афзоиши ҷазби сармоягузориҳои хориҷӣ битавонад дар ояндаи наздик ба яке аз қутбҳои муҳими транзети коло дар минтақа ва ҷаҳон табдил шавад . Ҳамкориҳои муштараки Эрон , Ҳинд ва Афғонистон барои тавсеаи Бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон ва сармоягузории қобили тавваҷуҳи Ҳинд дар ин Бандар дар солҳои ахир бо ҳадафи дастёбӣ ба бозорҳои минтақа ба вижа Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ва сипас Русия ва Аврупо , дар ҳамин росто арзёбӣ мешавад .
Ба ҳамин далел “ Алиакбари Сафойӣ “ муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва мудиромили Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳамоиши иқтисоди дарёмеҳварии Эрон бо ишора ба зерсохтҳои муносибе, ки Созмони банодир ва дарёнавардӣ дар ҳавзаи ҳамлу нақл фароҳам кардааст, мегӯяд, ки ин иқдомот боис шуда то иловабар фаъолони бахши хусӯсӣ дар дохил, сармоягузорон, туҷҷор ва ширкатҳои хориҷӣ ҳам ба Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон эътимод кунанд.
Дар воқеъ арсаи дарёӣ ҳамонанди арсаи хушкӣ аз аҳамияти вижае барои мубодилаи коло бархӯрдор аст ва имрӯза кишварҳое монанди Эрон, ки дорои савоҳил тӯлонӣ ҳастанд иловабар ҷойгоҳи роҳбурдӣ, нақши таъйинкунанда дар мубодилот тиҷорӣ доранд. Дастрасии мунҳасир ба фарди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба обҳои байналмилалӣ , вижагии мумтоз барои мубодилоти иқтисодии Эрон маҳсӯб мешавад .