Феврал 14, 2024 20:25 Asia/Dushanbe

Муовини илмӣ - фанноварии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз бунёди парки илму фанноварии муштараки Эрону Узбакистон дар Самарқанд хабар дод.

Пешрафтҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи илму фанноварӣ муҷиб шудааст, ки бисёре аз кишварҳо дар садади ҳамкориҳои муштарак бо Эрон бошанд ва дар ин росто роҳандозии паркҳои илму фанноварии муштарак байни Эрон ва дигар кишварҳо метавонад бистарро барои густариши ҳамкориҳо фароҳам кунад.

Дар ҳамин росто ба нақл аз Ирна, Руҳуллоҳ Деҳқонии Фирӯзободӣ, муовини илмӣ - фанноварии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти ҳайати давлати Эрон бо ишора ба барномарезии Эрону Узбакистон барои роҳандозии парки илму фанноварии муштарак гуфт: Маконе ҳам барои ин парки илму фанноварӣ мушаххас шуда, ки дар шаҳри Самарқанд ва дар канори донишгоҳи ин шаҳр хоҳад буд.

Муовини илму фанноварии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, таомулот барои роҳандозии парки илму фанноварӣ байни Эрону Узбакистон ва фарохон барои ҷазби ширкатҳо дар ҳоли анҷом аст.

Ҳамакнун дар Узбакистон 272 ширкат бо сармояи сармоягузорони эронӣ фаъолият мекунанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон истиқлоли Узбакистонро дар 25 декабри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохт ва дар таърихи 10 майи соли 1992 мелодӣ байни ин ду кишвар равобити сиёсӣ барқарор шуд.

 

Барчасп