Феврал 18, 2024 17:26 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами Инқилоби исломӣ таъкид карданд: Ҳузур дар интихобот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо таъкид бар аҳамияти ваҳдати миллӣ ва интихоботи 11 исфанд ба унвони роҳи ҳалли мушкилот ва ислоҳи умур, ҳамаро ба ширкати пуршӯр дар ин рӯйдоди муҳимми миллӣ фаро хонданд.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи интихоботи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ҷумъа ёздаҳуми исфанд (аввал март) ҳамзамон дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми устони Озарбойҷони шарқӣ, ҷабҳаи истикборро бешак мухолифи интихоботи Эрон донистанд ва гуфтанд: Интихобот, мазҳари ҷумҳурияти низом буда ва ба ҳамин иллат аст, ки мустакбирон ва Амрико, ки ҳам бо ҷумҳурият ва ҳам бо исломияти низом мухолифанд, бо интихобот ва ҳузури пуршӯри мардум пойи сандуқҳои раъй мухолиф ҳастанд.

 Ишон бо ишора ба дархости яке аз раисони ҷумҳури пешини Амрико аз мардуми Эрон барои ширкат накардан дар интихоботи гузашта, гуфтанд: Он раиси ҷумҳурӣ надониста ба Эрон кумак кард, зеро мардум аз сари лаҷ(якравӣ) ва мухолифат бо ӯ, бештар ва пуршӯртар аз ҳамеша дар интихобот ширкат карданд; ба ҳамин иллат амрикоиҳо дигар ин гуна сухан намегӯяанд, аммо бо шеваҳои мухталиф ба думболи дур ва маъюс кардани мардум аз интихобот ҳастанд.

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, интихоботро рукни аслии низоми Ҷумҳурии исломӣ ва роҳи ислоҳ кишвар хонданд ва гуфтанд: Ҳама бояд дар интихобот ширкат кунанд; Касоне ҳам, ки ба думболи тармим ва ҳалли мушкилот ҳастанд, роҳи дурусти он интихобот аст ва бояд ба интихобот рӯ кунанд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Афроде ҳам, ки вориди майдони интихобот шудаанд, аз бадахлоқӣ, баддаҳанӣ ва тавҳин ва тӯҳмат ба дигарон дар таблиғот ва фазои маҷозӣ ва ҳамчунин аз сиёҳнамоӣ ва баёни матолиби дурӯғ ва хилофи воқеъ барои ҷалби назари мардум иҷтиноб кунанд, чаро, ки ин корҳо муҷиби салби эътимод(нобоварӣ) хоҳад шуд.

 Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ, "нигоҳ ба худ ва нигоҳ ба душман"-ро ду вазифаи асосии ҳамагон баршумурданд ва гуфтанд: Бояд аз худ ва душман арзёбии саҳеҳ дошта бошед ва ғафлат аз ин вазифа, балои бузурге аст.

 

Барчасп