Феврал 22, 2024 11:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Эрон дар размоиши дарёии “Милан 2024 “
    Ҳузури Эрон дар размоиши дарёии “Милан 2024 “

Ҷонишини қароргоҳи новгони ҷануби нерӯӣ дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳузури ин нерӯ дар размоиши дарёии “ Милан 2024 “ кишвари Ҳинд бо новшикани тамом эронии “ Дино “ хабар дод .

Размоиши дарёии “ Милан 2024 “ бо ҳузур беш аз 50 кишвар аз ҷумла нерӯӣ дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муддати ҳашт рӯз дар ду марҳалаи бандарӣ ва дарёӣ дар савоҳили шарқии Ҳинд баргузор мешавад .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва  Симо , Амири дарёдори дувум  «Ҷалил Муқаддам» ҷонишини қароргоҳи муқаддами новгони ҷануби нерӯӣ дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт : Ҳузури муқтадиронаи нерӯӣ дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар размоиши дарёии Милан 2024 кишвари Ҳинд ҳам сӯ бо равобити хуб ва дар ҳоли густариш бо нерӯи дарёии Ҳинд аст .

Дарёдори дувуми Муқаддам , бо ишора ба инки Эрон ва  Ҳинд бо пешинаи тамаддунии ғанӣ , ҷузви қудратҳои дарёии минтақа ҳастанд , таъомулоти байни нерӯҳои дарёии ду кишвар дар ҷиҳати таъмини амнияти хутути киштирониро мусбат арзёбӣ кард .

Ҷонишини қароргоҳи нерӯӣ дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрони новгони ҷануб дар идома таъкид кард ки ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ  ғайр аз ноамнӣ чизи дигарӣ барои минтақа нахоҳад дошт .

Бо пирӯзии Инқилоби исломӣ , таҳаввули азиме дар нерӯӣ  дарёии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҷод шуд ва бо шурӯи ҷанги таҳмилӣ , ин нерӯ ба набард бо ҳавопаймоҳо ва болгардҳои душман дар дарё пардохт ва дар тӯли муддати ҳашт солаи ҷанги таҳмили 10  ҳазор фарванди киштии тиҷориро ба банодири Эрон эскурт кард .

Барчасп