Рушди 5 . 1 дарсадии иқтисоди Эрон
(last modified Thu, 22 Feb 2024 07:21:41 GMT )
Феврал 22, 2024 12:21 Asia/Dushanbe
  • Рушди 5 . 1 дарсадии иқтисоди Эрон
    Рушди 5 . 1 дарсадии иқтисоди Эрон

Маркази омори Эрон эълом кард : Рушди 5 . 1 дарсади маҳсӯли нохолиси дохилӣ бо нафт ва 2 . 5 дарсадӣ бидӯни нафт барои иқтисодии Эрон дар пойизи 1402 шамсӣ сабт шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирно , маркази омори Эрон охирин натоиҷи ҳисобҳои миллии фаслӣ барои пойизи 1402 шамсиро мунташир кард, ки рушди 5 . 1 дарсади маҳсӯли нохолиси дохилӣ бо нафт ва 2 . 5 дарсади маҳсӯли нохолиси дохилӣ бидӯни нафт дар пойизи имсолро нишон медиҳад .

Бар асоси охирин натоиҷи ҳисобҳои миллии фаслии маркази омори Эрон , маҳсӯли нохолиси дохилӣ ( GDP ) ба қимати собити соли 1390 дар пойизи соли 1402 ба рақами 2196 ҳазор миллиард риёл бо нафт ва 1856 ҳазор миллиард риёл бидӯни эҳтисоби нафт расидааст , дарҳоле, ки рақами мазкӯр дар муддати мушобеҳи соли қабл бо нафти 2089 ҳазор миллиард риёл ва бидӯни нафти 1810 ҳазор миллиард риёл бӯда ки нишон аз рушди 5 . 1 дарсадии маҳсӯли нохолиси дохилӣ бо нафт ва 2 . 5 дарсадии маҳсӯли нохолиси дохилӣ бидӯни нафт дар пойизи сол 1402 дорад.