Густариши ҳамкориҳои пизишкии Эрону Қатар
(last modified Sun, 25 Feb 2024 14:24:24 GMT )
Феврал 25, 2024 19:24 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои пизишкии Эрону Қатар

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши ҳамкориҳои беҳдоштӣ ва содироти дору ба Қатар омодагӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Баҳроми Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар боздид аз корхонаи дорӯсозии “Қатар Формо”, бо ишора ба тавлиди 99 дарсади доруи мавриди ниёзи Эрон дар дохили кишвар, аз омодагии Эрон барои содироти дору ба Қатар хабар дод.

Аҳмад Алсалитӣ, мудиромили ширкати дорӯсозии “Қатаи Формо” низ гузорише аз бахшҳои мухталифи ин ширкату вазъияти беҳдоштӣ дар ин кишвар ироа кард.

Густариши равобит бо кишварҳои ҳамсоя, исломӣ ва минтақа авлавияти сиёсати хориҷии давлати сездаҳи Эрон эълом шудааст ва Ҷумҳурии исломӣ шитобе пеш аз пеш ба самти тавсеаи равобити хориҷӣ бо дигар кишварҳо ба хусӯси кишварҳои ҳамсоя дар ҳоли ҳаракат аст.

Дар ҳамин росто шашумин Кумитаи муштараки ҳамкориҳои Эрону Қатар бо ҳузури вазири беҳдошт, дармону омӯзиши пизишкии Эрон дар Давҳа, пойтахти Қатар баргузор шуд.

Бештар бихонед: