Декабр 27, 2022 13:31 Asia/Dushanbe
  • Паёми вазири хориҷаи Қатар ба Амимр Абдуллоҳиён омодагии Қатар барои иртиқои ҳамкориҳо бо Эрон
    Паёми вазири хориҷаи Қатар ба Амимр Абдуллоҳиён омодагии Қатар барои иртиқои ҳамкориҳо бо Эрон

Муъовини вазири хориҷаи Қатар дар дидор бо вазири умури хориҷаи Эрон зимни таслими паёми вазири хориҷаи ин кишвар ба ҳамтои эронӣ, омодагии давлати Қатар барои рушд ва иртиқои ҳамкориҳоро эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амри Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рузи душанбе дар дидори Муҳаммад ибни Абдулазиз Алхалифи, муъовини вазири хориҷаи Қатар дар умури минтақаӣ бо арзёбии мумтоз аз муносиботи дуҷониба дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва консулӣ бо таваҷҷуҳ ба хости мақомоти олии ду кишвар доир бар иртиқои муносиботи байни ҳамдигар бар зарурияти иҷрои кардани тавофуқоти раисони ду кишвар дар дидорҳои қабл такъид кард.

Муъовини вазири хориҷаи Қатар низ дар ин дидор бо таслими паёми вазири хориҷаи Қатар ба Амир Абдуллоҳиён омодагии давлати Қатар барои рушд ва иртиқои ҳамкориҳоро иброз дошт.

Барчасп