Тафсир/ Шарҳи мавозеи Эрон дар хасуси ҳуқуқи башар дар иҷлоси Женева
Вазири умури хориҷаи Эрон дар 55-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар Созмони милал дар Женева мавозеъ ва дидгоҳҳои Эронро дар хусуси ҳуқуқи башар матраҳ мекунад.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа Эрон, ба манзури ширкат дар 55-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид имрӯз (душанбе 26 феврал) вориди Женева Швейтсария шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон, дар нишасти олирутбаи иҷлоси солиёна Шӯрои ҳуқуқи башар ва бахши олирутбаи Иҷлоси халъи силоҳи Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ мекунад. Амирабдуллоҳиён бо ширкат дар нишасти фаръии Фаластин, мавозеъ ва дидгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси Фаластин ва буҳрон ҷорӣ дар Ғазза ва каронаи ғарбиро ташреҳ хоҳад кард.
Амрико ва давлатҳои аврупоӣ дар солҳои ахир талош кардаанд, худро ба унвони ҳомии ҳуқуқи башар муаррифӣ кунанд ва барои нишон додани чеҳрае инсондӯстона аз расонаҳо ва хабаргузориҳои саршинос ва ҳамсу низ баҳрабардорӣ кардаанд.
Давлатҳои ғарбӣ, ҳамвора дар мавзеъи талабкорона ва якҷонибаи иқдомот ва аҳдофи сиёсии худро дар чорчуби рафторҳои башардӯстона унвон мекунанд ва бавижа кишварҳои мустақилеро, ки ҳозир нестанд дар блоки сиёсии онҳо қарор бигиранд ва иқдомоти онҳоро таъйид кунанд, душмани ҳуқуқи башар меноманд. Таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон, дар солҳои ахир ошкор кардааст, ки ҳуқуқи башари таъриф шудаи давлатҳои ғарбӣ меъёрҳои худро дорад.
Давлатҳои ғарбӣ борҳо ва борҳо дар хусуси наслкушиҳои густурда бавижа аз мусулмонон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон сукут кардаанд ва ҳозир набуданд, камтарин ҳазинае дар ин маврид бипардозанд.
Наслкушии мусулмонон дар Босния ва Ҳерзагавин ва Миёнмор, аз ҷумла мавориде будааст, ки муддаиёни ҳуқуқи башар дар мавриди он сукут кардаанд ва бо тарафи ҷинояткор, ки омили ин ҷиноёт буда низ ҳамроҳӣ ва иқдомоти ӯро таъйид кардаанд.
Намунаи ошкори дигар, навъи бархурд ва рафтори табъизомез ва ғайринсонӣ бо шаҳрвандони мусулмон дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва ғарбӣ аст, ки давлатҳои ғарбӣ ҳатто ибодат ва пӯшиши мусулмононро низ бо вазъи қавонини якҷониба маҳдуд мекунанд.
Ҳамроҳии давлатмардони аврупоӣ дар ҳимоят аз гурӯҳҳои нажодпараст барои рафтори хушунатомез, ҳамчунин ҳамла ва куштори бираҳмонаи мусулмонон дар ин кишварҳо намунаҳои дигар аз ин рӯйкардҳои такрорӣ ва табъизомез дар Ғарб будааст.
Аммо нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар таҳлил ва чароии сиёсатҳо ва иқдомоти табъизомези давлатҳои ғарбӣ, сукути онҳо дар мавриди иҳонат ва беҳурматӣ ба Қуръон ва арзишҳои исломӣ аст ва инки дар қавонини ин кишварҳо ҳеҷ қонун, ҳатто барои шикоят ва муҷозоти афроди ҳатток дарназар гирифта нашудааст.
Нуқтаи муқобили ин раванд, ҳимояти бечуну чарои Амрико ва давлатҳои ғарбӣ аз тафаккуроти саҳюнистӣ аст, ба гунае, ки ҳар гуна савол ва ташкики дар мавриди абъоди Ҳолокост дар мавриди иқдомоти Давлати нозӣ алайҳи яҳудиён дар Ҷанги ҷаҳонии дуввум бо муҷозотҳои сахти молӣ ва зиндон мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Ҳузури Амирабдуллоҳиён дар Женева, ва тарҳи мавозеъ Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор аст, чаро, ки барои инсонҳои озода ва умуми мардум дар ҷаҳон имрӯз дидгоҳҳои мутафовит дар мавриди ҳуқуқи башар бар хилофи иддаоҳо ва мавозеъи ҳамешагии давлатҳои ғарбӣ аҳаммият пайдо мекунад.
Тарҳи мавзуоте монанди эҳтиром гузоштан ба адёни илоҳӣ ва арзишҳои маънавӣ дар ҷавомеи мухталиф, ва табйини арзишҳои исломӣ ба унвони асли пойдор ва ҳамешагӣ барои Эрон, аз ҷумлаи мавзуоте аст, ки вазири умури хориҷа Эрон дар иҷлоси Женева ба он шора хоҳад кард ва аҳаммияти он барои кишварҳои исломиро барои ҷаҳони Ғарб ташреҳ хоҳад кард.
Мавзӯъи асосии дигар, дар ин иҷлос бозгардони ҳуқуқи ғасб шудаи Фаластин ва ҳимояти ҳамешагии Эрон аз ҳуқуқи мардуми Фаластин аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шурӯи амалиёти Тӯфони ал Ақсо аз ҳафтуми октябри 2023 ва ҷиноёти густурда режими саҳюнистӣ дар наслкушии созмонедеҳи шуда дар Ғазза барои огоҳ кардани афкори умумии ҷаҳон, талоше муассир дар нишастҳои мухталифи байналмилалӣ ва минтақае доштааст.
Эрон, ба унвони кишваре таъсиргузор дидгоҳҳои мутанаввеъ дар хусуси ҳуқуқи башар дорад, ки бидуни тардид тарҳи он дар иҷлоси Женева метавонад роҳгушои мушкилоти имрӯз дар минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ бошад.