Намоиши осори арзишманди ҳунармандони Эрон дар Италия
(last modified Tue, 27 Feb 2024 06:19:39 GMT )
Феврал 27, 2024 11:19 Asia/Dushanbe
  • Намоиши осори арзишманди ҳунармандони Эрон дар Италия

Осори наққошии ҳунармандони Эрон дар Рим, пойтахти Италия ба намоиш гузошта шудааст.

 Фарзин Пирӯзпай,мудири Муассисаи фарҳангии “Ҳунари тазҳиб”, ки осори ҳунармандони Эронро ба Рим овардааст, ба хабарнигори Эрон пррес гуфт: Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ муаррифии осори наққошии ҳунармандони ҷавон ва бо истеъдод дар риштаҳои мухталифи ҳунарҳои таҷассумӣ аст.

Вай афзуд: Ин навъ фаъолиятҳо сабаби ошноии ҳарчи бештари дӯстдорони ҳунар ва маҷмӯадорони осори ҳунарӣ ва ҳамчунин ба даст овардани ҷойгоҳе барои ҳузури ҳунармандони ҷавони эронӣ дар бозорҳои мухталифи ҳунарӣ мӯътабар мешавад.

 Расоно Полочиди-ҳунарманди италияӣ ва раиси галереяи "arca di noesis" дар гуфтугӯ бо хабарнигори Эрон пррес зимни ибрози хурсандӣ аз мизбонии осори ҳунармандони Эрон дар Рим гуфт: Ин намоишгоҳ фурсате барои арзаи осори ҳунармандони аз кишвари Эрон бо мероси фарҳангӣ ва нигариши мутафовит аст, ки италияиҳо аз наздик бо ин мерос ошно мешаванд.

 Вай афзуд: Ҳунар забони муштараки ҷаҳонӣ аст ва мардум аз кишварҳо ва фарҳангҳои мутафовит метавонанд ба роҳатӣ иртибот барқарор кунанд.

 Паоло Ҷаласумини, меъмори италияӣ низ ба хабарнигори Эронпррес дар Италия гуфт: Мушоҳидаи таблоҳои зебо аз бодгирҳои Эрон, ин мавзӯъро ба хотираш овард, ки 10 сол пеш дар яке аз шаҳрҳои ҷазираи Сардиния кори нисбатан мушобеҳе анҷом додааст.

 Намоишгоҳи осори ҳунарии ҳунармандони тазҳибкори Эрон дар галереяи "arca di noesis" дар канори амфитеатри бостонии пойтахти Италия бо мавзӯъ (бодгирҳо, наққошии маконҳо ва сукут) то рӯзи сешанбе доир аст ва италияиҳо истиқболи хубе аз ҳунари асили эронӣ кардаанд.