Феврал 28, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Се медал дар рӯзи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии Осиё тавассути шиногарони Эрон

Варзишкорони эронӣ дар рӯзи дувуми мусобиқоти шинои қаҳрамонии Осиё, дар радаҳои синнии мухталиф, як медали тилло дар 50 метри озод, як медали нуқра дар 200 метри парвона ва як медали брунз дар 100 метри парвона ба даст овараданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, дар марҳалаи муқаддамотии нахустин рӯз аз мусобиқоти шинои рақобатҳои қаҳрамонии ҷавонони Осиё, миллипӯшони шинои Эрон муваффақ шуданд дар 11 мода ҷавози ҳузур дар финалро касб кунанд.

Сомёри Абдалӣ, рекорддори модаи 50 метри озод муваффақ ба касби медали тилло шуд. Муҳаммади Маҳдии Ғуломӣ, дигар шиногари эронӣ муваффақ шуд бо касби медали нуқра дар модаи 200 метри парвонаи раддаи синнии 13 - 14 сол сеюмин медали худ дар ин мусобиқотро касб кунад.

Ёздаҳумини давраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё, 26 феврал то 9 март дар Филиппин баргузор мешавад, ки рақобатҳои шинои ин давра аз мусобиқот 26 - 29 феврал пайгирӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп