Ким Ҷай дар барномаи эронии қуръонии “Маҳфил”
Овозхони машҳури кореягӣ бо интишори аксе аз сафараш ба Эрон ва ҳузур дар барномаи телевизионии қуръонӣ хабар дод.
Ким Ҷай овозхони пуртарафдори кореягӣ, ки чанд соле аст мусулмон шуда ва номи худро ба Довуд Ким тағйир дода, ба Теҳрон омада ва дар сабти барномаи қуръонии «Маҳфил» ҳузур пайдо кардааст.
Овозхони машҳури кореяӣ бо интишори аксе аз худ навишт:Ман бо ӯ Ҳомид Шокирнажод, қории машҳури байналмилалӣ дар барномаи телевизионии Маҳфил барои моҳи Рамазон ҳузур хоҳам дошт; бесаброна мунтазираш ҳастам, гӯш ба занг бошед»
Ким то ба ин лаҳза дар сафар ба Эрон аз кохи Саъдобод дидан карда ва баъд аз гаштугузор дар бозори Таҷриши Теҳрон, ба зиёрати ҳарами имомзода Солеҳ алайҳис-салом, бародари Имом Ризо алайҳис-салом, набераи Паёмбари акрам,ҳазрати Муҳаммади Мустафо ҳам рафтааст.
Гуфтанӣ аст овозхони машҳури К-поп дар як маркази исломӣ дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ мусулмон шуд ва навори он беш аз 2.5 миллион боздид дошт.