Раҳбари муаззами инқилоб: Чашми дунё ба Эрон аст
(last modified Fri, 01 Mar 2024 07:27:35 GMT )
Март 01, 2024 12:27 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Чашми дунё ба Эрон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар аввалин дақоиқи оғози раъйгирии интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ, раъйи худро ба сандуқ андохтанду гуфтанд: Чашми бисёре аз мардуму афроди дорои ҷойгоҳи сиёсӣ дар дунё ба Эрон дӯхта шудааст.

 

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (ҷумъа) бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ), хитоб ба миллати Эрон гуфтанд: Бидонед, имрӯз чашми бисёре аз мардуму афроди дорои ҷойгоҳи сиёсӣ дар дунё ба Эрон дӯхта шудааст, пас дӯстонро хушҳолу бадхоҳонро ноумед кунед.

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ҳамчунин дар посух ба суоле дар бораи касоне, ки ҳанӯз барои ҳузур дар интихобот дудила ҳастанд, гуфтанд: Дар кори хайр ниёзе ба истихора нест.

Эшон аз Худованди мутаъол масъалат карданд, ки рӯзи интихобот - рӯзи мубораке барои миллати Эрон бошаду интихобот ба натоиҷи матлуб бирасад ва ба нафъи миллати Эрон тамом шавад.

Интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ аз соати 8 субҳи имрӯз - ҷумъаи 1 марти 2024 оғоз шуд.

Ин давра аз раъйгирӣ барои интихоби 290 намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва 88 узви маҷлиси хибрагони раҳбарӣ баргузор мешавад.

Раъйгирӣ ба муддати 10 соат анҷом хоҳад шуд ва дар сурати лузуму эъломи раиси Ситоди интихобот ва ё вазири кишвар қобили тамдид аст.