Март 02, 2024 21:05 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қатъномаи пешниҳодии Эрон дар маҷмаъи ҷаҳонии муҳити зист
    Тасвиби қатъномаи пешниҳодии Эрон дар маҷмаъи ҷаҳонии муҳити зист

Қатъномаи пешниҳодии муқобила бо туфонҳои шин ва гарду ғубори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шашумин маҷмаъи ҷаҳонии муҳити зисти милали муттаҳид тасвиб шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, шашумин маҷмаъ муҳити зисти милали муттаҳид аз 26 феврал то 1 март дар мақари барномаи муҳити зисти милали муттаҳид дар шаҳри Найробии кишвари Кениё баргузор шуд.

Дар ин нишаст бо ҳузур беш аз 180 кишвар, баррасии руйкарди чандҷонибагароӣ бо пардохт ба меҳварҳои асли аз ҷумлаи тағироти иқлими, аз даст рафтани танаввуъи зисти, олояндаҳо ва пасмоандҳоро дар дастур кор дошт ва дар он 19 қатънома ва ду тасмим аз суи кишварҳои мухталиф ирсол шуд.

Як қатънома ба пешниҳоди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо унвони муқобила бо туфонҳои шин ва гардуғубор ба ин нишаст ирсол шуда буд ки тасвиб шуд.

Барчасп