Март 03, 2024 14:20 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ҷадиди Эрон ва Русия барои рушди майдонҳои нефту газ
    Тавофуқи ҷадиди Эрон ва Русия барои рушди майдонҳои нефту газ

Вазирони нефти Эрон ва энергетикаи Русия барои рушди майдонҳои нефту газ ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҷаводи Увҷи вазири нефти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошия ҳафтумин нишаст маҷмаъи сарони кишварҳои содиркунандаи газ дар Алҷазира пойтахти Алҷазоир дар дидор бо Николаӣ Шулгинов вазири энергетикаи Русия эҷоди қутби гази дар қолаби паймони шанхай дар минтақаи Авруосиё, ҳамчунин рушди майдонҳои нафту газ раванди пайгирӣ ва иҷрои қарордодҳои мавҷуд ва рафъи чолишҳои онҳоро барраси карданд ва музокироти матлуби дар бораи имзои қарордодҳои нав ба манзури рушди майдонҳои нефту газ бо ширкатҳои руси анҷом ва тавофуқҳои муҳаққақ шуд.

Дар дидори вазири нафти Эрон бо вазири энергетикаи Русия, тиҷорати гази байни ду кишвар ва кишварҳои минтақа ва эҷоди зерсохтҳои лозим бо ҳадафи таҳаққуқи тиҷорати пурравнақ мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Дар ин нишаст ҳамчунин тавофуқҳое ки пеш аз ин дар бораи иттисоли шабакаи барқи Эрон ва Русия анҷом шуда буд дар ин дидори пайгирӣ ва мавонеъи мавҷуд баррасӣ шуд то ин ҳадаф ҳарчи сариътар анҷом шавад.

Эрон ва Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вижаи равобити иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамонанди муқобила бо як ҷонибагароӣ Амрико, иштироки манофе роҳбурди доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики дутараф дар солҳои ахир будааст.

Барчасп