Раиси Ҷумҳури Эрон: Амнияти Эрони вобаста ба ҳеҷ кишвари нест
(last modified Mon, 04 Mar 2024 12:29:06 GMT )
Март 04, 2024 17:29 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳури Эрон: Амнияти Эрони вобаста ба ҳеҷ кишвари нест
    Раиси Ҷумҳури Эрон: Амнияти Эрони вобаста ба ҳеҷ кишвари нест

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, амнияти Эрон ба ҳеҷ кишвари муттаки нест.

Ба гузориши пойгоҳи итилоъи расонии раёсати ҷумҳур, Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросим донишомухтагии донишгоҳи улуми интизомии афзуд, амнияти имрузи Эрони баромада аз ҳузури мардум дар саҳнаҳои мухталиф ва бархеста аз огоҳӣ, бедорӣ, ҳушёрӣ ва ҳузур дар саҳнаи неруҳои низомӣ ва интизомӣ аст.

Раисӣ корозмудагӣ, шуҷоат, огоҳӣ, муҷарраб будан, имон ба Худо, дилдодагӣ ба инқилоби исломӣ ва ишқ ба мардум ва ҳузури мустамар ва бидуни лаҳзае ғафлат дар сангари хизматро барҷастатарин вижагиҳои неруҳои интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрони баршумурду гуфт: Неруҳои мусаллаҳ барои миллат мояи ифтихор ҳастанд ва дар дили миллат ҷой доранд чаро ки дар канори мардум ва бо мардуманд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони тавваҷуҳ ба тарбияти неруҳои низомӣ ва интизомии муҷарраб ва тақвияти бунияи дифои кишварро аз вазоифи муҳими давлат бар шимурду афзуд, қудрати дифоӣ,, суботи иқтисодӣ ва тавонои фарҳангӣ се муаллафаи муҳими иқтидори миллӣ ҳастанд.

Чиҳилушашумин маросим дониш омухтагии донишҷуёни донишгоҳи улуми интизомӣ, имрӯз душанбе бо ҳузур Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар донишгоҳи имоми Ҳасани Муҷтабо(а) баргузор шуд.