Ҳузури пурранги тавлидкунандаҳои эронӣ дар Намоишгоҳи колои кӯдаки Русия
(last modified Tue, 05 Mar 2024 06:53:08 GMT )
Март 05, 2024 11:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури пурранги тавлидкунандаҳои эронӣ дар Намоишгоҳи колои кӯдаки Русия

35 тавлидкунандаи бозича аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузур дар намоишгоҳи колои кӯдаки Русия дастовардҳои худ дар ин саноъатро ба намоиш гузоштанд.

Ба гузориши ИРНА, Намоишгоҳи колои кӯдаки Русия (kids russia) бо ҳузури ҷамъе аз воҳидҳои саноеъи халлоқи эронӣ ба муддати чаҳор рӯз дар шаҳри Москва баргузор шуд ва дар ин намоишгоҳ навъҳои гуногуни бозичаҳо ва васоили саргармӣ ва маҳсулоти кӯдакон ва фаъолиятҳои вақтҳои фароғат дар маърази диди боздидкунндагон қарор гирифт.

 Ин намоишгоҳ ҳарсола бо ҳузури фаъолони саноъати бозича ва маҳсулоти кӯдакон аз Русия ва дигар кишварҳо баргузор мешавад.

 Масъуди Ҳасанлу, дабири Ситоди тавсеаи фановариҳои фарҳангӣ ва нарми муовинати илмӣ, фановарӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати ҷумҳурии Эрон, ки ба унвони намояндаи ин муовинат дар намоишгоҳ ҳузур дошт бо ибрози хурсандӣ аз ҳузури намояндагони саноеъи халлоқи фарҳангӣ- ҳунарии Эрон дар ин рӯйдоди бузург, тасреҳ кард: Ин рӯйдод ба унвони сароғози ошноии бештари фаъолони эронӣ бо ҳамтоёни байналмилалии худ метавонад заминаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар ин арсаро фароҳам кунад.

 Да ин рӯйдоди чаҳоррӯза, ки яке аз мӯътабартарин намоишгоҳҳои бозича дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ба ҷуз Эрон намояндагон ва фаъолоне аз кишварҳои Туркия, Чин ва Узбакистон низ ҳузур доштанд.