Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Фаластиниёни борикаи Ғазза пирӯз ҳастанд
(last modified Fri, 08 Mar 2024 13:43:17 GMT )
Март 08, 2024 18:43 Asia/Dushanbe
  • оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби муваққати ҷумъаи Теҳрон
    оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби муваққати ҷумъаи Теҳрон

Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт, фаластиниёни борикаи Ғазза дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ пирӯз ҳастанд.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби ҷумъаи Теҳрон

 

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби муваққати ҷумъаи Теҳрон дар хутбаҳои намози ҷумъаи имрӯзи шаҳри Теҳрон, зимни маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза гуфт: Дар ҷараёни ҷанги Ғазза шоҳиди авҷи ваҳшигариву ҷиноят дар ин минтақа тавассути режими саҳюнистӣ ва пуштибони он Амрико ва дар сӯи дигар шоҳиди муқовимати мардуми Ғазза ҳастем, аммо итминон дорем мардуми Ғазза пирӯзи ин майдон ҳастанду ҷаллодони саҳюнист ба зудӣ аз байн хоҳанд рафт.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон дар бахши дигари суханонаш бо қадрдонӣ аз Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон ба хотири пӯшиши дуруст ва бамавқеи интихоботи дувоздаҳумин даври Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ гуфт: Мардуми Эрон бо ҳузури 41 дарсадӣ дар интихобот, мушти муҳкаме ба даҳони душманон заданд.