Март 09, 2024 10:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон, ҷузви 10 кишвари бартари тавлиди фӯлод дар дунё

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузви 10 кишвари тавлидкунандаи фӯлод дар ҷаҳон аст.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Садо ва Симо, Аббоси Алиободӣ-вазири саноат ва маъдани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими баҳрабардорӣ аз корхонаи Замзам-3 дар ширкати фӯлоди Хузистон, дар ҷанубу ғарби Эрон гуфт: Саноъат масири тавсеаи Эрон буда ва шиори ин вазоратхона тавсеаи ширкатҳои донишбунён ва саноъатмеҳвар аст.

  Алиободӣ афзуд: Яке аз барномаҳои вазоратхона бозорсозӣ ва коҳиши масрафи энергия барои ширкатҳои саноъатӣ дар Эрон мебошад ва сохти корхонаи Замзам-3 дар ростои иҷрои ин тарҳ аст.

 Алиободӣ тасреҳ кард: Роҳандозии ин корхона дар ҷиҳати гом бардоштан дар “фӯлоди сабз” мебошад ва имрӯз Эрон ҷузви 10 кишвари бартари тавлиди фӯлод дар дунёст.

 Вай ҳамчунин изҳор дошт: Устони Хузистон қутби тавлиди оҳани исфанҷӣ аст ва 17 дарсади ин оҳан дар устон тавлид хоҳад шуд.

 

  бештар бихонед:

 

Барчасп