Март 10, 2024 18:36 Asia/Dushanbe

Тими Water polo (туббозии обӣ)-и писарони зери 18 соли Эрон бо дурахшиш дар мусобиқоти қаҳрамонии радаҳои синнии Осиё, соҳиби гардановези нуқра шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, тими Water polo-и ҷавонони Эрон дар ин рақобатҳо, ки дар Филиппин баргузор шуд, дар дидори ниҳоӣ ва дар рақобате танготанг натиҷаро ба тими ҷавонони Ҷопон вогузор ва ба нишони нуқраи ин давра аз мусобиқот даст пайдо кард.

Тими миллии Water polo-и  Эрон дар гуруҳи “B” ин давра аз мусобиқот бо тимҳои Қазоқистон, Шри-Ланка, Малайзия ва Сингапур ҳамгуруҳ буд ва тавонист болотар аз Қазоқистон ба унвони тими аввали гурӯҳ ба марҳалаи ниманиҳоӣ сууд кунад ва дар марҳалаи ниманиҳоӣ ба масофи тими Чин, тими дувуми гуруҳи “A” рафт ва бо пирӯзӣ баробари ин тим роҳии финал шуд.

Ҷавонони Эрон бо вуҷӯди намоиши хиракунанда то вақти қонӯнии сеюм бозии финал поёпои ҳарифи қудратманди худ пеш рафтанд, аммо дар поён 17 ба 13 натиҷаро ба ҳариф вогузор карданд ва бар саккӯи дувум истоданд.

Дар дидори радабандӣ низ Қазоқистон бо пирӯзӣ баробари Чин ба медоли брунзи ин давра аз рақобатҳо расид.

 

Барчасп