Эрон ҳайати ба истилоҳ ҳақиқатёбро ба расмият намешиносад
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон гуфт,Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳайати ба истилоҳ ҳақиқатёбро ба расмият намешиносад.
Ахиран кумитаи мавсум ба ҳақиқатёби Созмони Милали Муттаҳид бо интишори гузорише бо ишора ба иғтишошоти сол гузаштаи (1401 шамсӣ) дар Эрон, муддаии поймолсозии ҳуқуқи башар ва ҷиноёти зидди башарият шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Козими Ғарибободӣ-муовини умури байналмилали қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бо ташреҳи барномаҳои ҳайати эронӣ дар нишастҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, ин шӯро дар соли 2023 бо ҳаракат дар масири хостаҳои сиёсӣ ва умдатан номшруъи кишварҳои ғарбӣ, қурбониёни нақзи ҳуқуқ башарро ба ранҷи бештаре дучор карда ва ба абзоре барои мудохилаҳои сиёсӣ табдил шуд.
Ғарибободӣ бо баёни инки барои муқобила бо гузориши ҳайати ба истилоҳ ҳақиқатёб, Ҷумҳурии Исломии Эрон мустанадоти худ ва натоиҷи кумитаи мунтахабро дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар ташреҳ хоҳад кард, гуфт, Эрон дар ин ҳол ин мавзӯъро ҳам мавриди таъкид қарор хоҳад дод, ки иқдомҳои сиёсӣ наметавонанд воқеиятҳои мавзӯъро бипушонанд.
Пештар Носири Канъонии Чофӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ ба бониёни ташкили ҳайати мавсум ба ҳақиқатёби байналмилалӣ дар бораи Эрон тавсия кард, ба ҷойи дахолатҳои нобаҷо дар Эрон ба мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои худ бипардозанд.